Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сафири Амрико: Тарки конфронс аз тарафи ҳайати Тоҷикистон ба зиёни худашон аст

$
0
0

Сафири Амрико дар САҲА аз тарки конфронси Варшава тавассути ҳайати Тоҷикистон интиқод карда, ин тасмими ҳукуматро ба зиёни худашон арзёбӣ кард.

Даниел Байер, сафири ИМА дар Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дирӯз  (16.12.2016) дар ҳошияи конфронси ин созмон дар шаҳри Веннаи Австрия дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт: “Вақте ҳукумат худро канор мекашаду формро тарк мекунад, на фақат ба худаш зиён мерасонад, чун дигар тарафи масъаларо намегӯяд. Ба ҳамаи мо ҳам зиён мерасонад, чун барои мо шунидани назари ҳукумат ҳам муҳим аст.”

Ӯ афзуд: “Дар бисёр ҳолатҳо, сӯитафоҳум пеш меояд, шарҳ лозим аст ва ё далелҳое барои шарҳи масъала пеш овардан зарур мешавад, мо кушиш мекунем, худамон намуна бошем. Масалан, Омрикоро ба шиддат танқид мекунанд, мо аз интиқодҳо намегурезем ва бо эҳтиром посух медиҳем, ки ё ба он мувофиқем ё мухолиф.”

Сафири Амрико аҳаммияти ин гуна нишастҳоро чунин шарҳ дод: “Аҳаммияти ин форм ҳам дар ҳамин аст, ки намояндагони ҷомеаи маданӣ ташвишҳояшонро мустақим бо ҳукумат дар миён гузоранд.”

“Як хусусияти муҳимми ин нишаст ин аст, ки фаъолони ҷомеъаи маданӣ, аз ҷумла мунтақидон ҳукумат дар паси як мизе бо намояндагони ҳукумат менишинанд, нигарониҳояшонро матраҳ мекунанд, баъзан ин нигарониҳоро қотеъонаву ошкор матраҳ мекунанд ва баъзан бо нармӣ.”- қайд кард сафири Амрико дар САҲА.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳайати Тоҷикистон бо нишони эътироз аз ҳузури фаъол ва тазоҳуротҳои намояндагони ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф аз ширкат дар конфронси Варшава даст кашид ва намоишкорона онро тарк кард.

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири ин амалкардаш ва ҳамчунин барои ирсоли ҳайатҳои сохта, ки гӯё ҷомеаи шаҳрвандиро намояндагӣ мекунанд, мавриди интиқоди САҲА ва дигар созмонҳову кишварҳои узви ин созмон қарор гирифт.

Иттиҳодияи Аврупо низ моҳи октябри гузашта бо интишори баёнияе дар сайти расмии хеш аз хуруҷи ҳайати Тоҷикистон аз конфронси Варшава интиқод карда, изҳор дошта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба ҷои шунидани интиқодҳо ва муколамаву табодули назар, конфронсро тарк кард.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>