Дар робита ба мӯҳлати баргардонида шудани амонатҳои муштариён дар торнамои бонк иттилоъ нашр гардида, дар он таъкид гардидааст, ки ин ниҳод амонатҳои мардумро сар аз 3 юми январ соли 2017 ба пардохтан оғоз менамояд.
Дар иттилоияи “Тоҷиксодиротбонк” омадааст, маболиғи амонатӣ, ки мардуми Тоҷикистон дар ҳисобсуратҳои ин бонк гузоштаанд, “бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва тибқи ҷадвали тасдиқшуда” баргардонида хоҳад шуд. Бонки мазкур таъкид кардааст, ки муштариён амонатҳои худро дар давоми як сол дастрас мекунанд ва ин амал бо пули миллӣ ё эквиваленти он бо арзҳои хориҷӣ дар Бонки асоси ва шохобҳои он дар қаламрави ҷумҳурӣ ба иҷро мерасад. Тибқи нақшаи бонк, муштарӣ дар як моҳ як бор қисми муайяни амонати худро хоҳад гирифт
“Тоҷиксодиротбонк” ният дорад, амвори ғайриманқули худро ба савдои музояда бизгорад ва аз ин ҳисоб низ маблағе ба даст оварда, бо муштариёни кунун аламзадаи худ ҳисобу китоб кунад. Агар амонатгузорон дар савдои музояда иштирок намоянд, аз имтиёзҳо бархурдор хоҳанд буд. Савдои музоядаи амволи бонк, аз ҷумла манзил, офис, воситаҳои нақлиёт ва амволи дигар, ки дар шаҳри Душанбе ва соири шаҳру навоҳии кишвар вуҷуд доранд, муддати ду ҳафта идома меёбад.
“Тоҷиксодиротбонк” эълон кардааст, саҳмияҳояшро низ хеле арзон ба савдо мегузорад ва ба муштариёни доимии худу амонатгузоронаш имтиёзи фаровон доданист. Ҳамчунин ин ниҳод бо умедворӣ навиштааст, ки “Ғайр аз ин, бо ҳар як муштарии Бонк оид ба баргардонидан ё тамдиди муҳлати амонатҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба он сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида мешаванд”. Бонк мехоҳад бо ин усул муштариёни дилхунуки худро ба ояндаи ҳанӯз норӯшан дилгарм намояд, то онҳо маблағҳои амонатии худро боспас нагиранд ва сабрро пеша намоянд.
Гуфта мешавад, тасмими “Тоҷиксодиротбонк” дар роҳи пардохти амонатҳои муштариён дар ҳоле пиёда мегардад, ки раиси собиқи он Тоҷиддин Пирзода дубора ба сари курсии раҳбарӣ баргашт. Вай ҳафт моҳ пештар аз ин мақом барканор гардида буд. Ба ҷои ӯ Бонки миллии Тоҷикистон маъмурияти муваққатиеро рӯи кор овард, ки раҳбараш Мирҳаёт Ёқубов таъин гардида буд.
Назар ба маълумотҳо “Тоҷиксодиротбонк” дуюмин бонке ба ҳисоб меравад, ки сармояи бузурге доштааст. Қаблан дороиҳои ин бонкро 483 миллион доллари амрикоӣ баҳогузорӣ карда буданд. Саҳмияҳои ин бонк дар дасти панҷ ширкат қарор дошта, “Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11 дарсади онро дар ихтиёр доранд. Аммо тахмин меравад, ки ширкати “Евразия” бо қисмати аъзами саҳмияҳои бонк(58,89%), ба Тоҷиддин Пирзода мутааллиқ мебошад.