Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Пешравии ҳукумат: Тоҷикистон аз 304 ҳазор муҳоҷири ихроҷ шуда, ҳамагӣ 0.03 фисадашонро ба ҷои кор таъмин кардааст

$
0
0

Тоҷикистон дар соли 2016 ҳамагӣ 2479 шаҳрвандро ба ҷои кори доимӣ таъмин кардааст. Бино ба иттилои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар», то 4— уми октиябри соли 2016 теъдоди муҳоҷирони кории тоҷике, ки бо сабабҳои мухталиф ба қаламрави Федератсияи Русия дохил шуда наметавонанд ба 304 083 нафар расидааст.

Аммо «Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 2479 нафар шаҳрвандони кишварро, ки воридшавиашон ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан манъ аст, дар дохили кишвар бо кори доимӣ таъмин намуданд.» Ва боқӣ 301 604 нафари онҳо дар кишвар бе ҷои кор мондаанд.

Бӯҳрони бекории шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳоле ба авҷи аълои худ мерасад, ки Ҳукумати кишвар муҳоҷиратро як падидаи маъмулӣ ва фоидаовар арзёбӣ мекунад ва ба ин васила намехоҳад вазифаи худашро дар қиболи таъмини мардум ба ҷои кори доимӣ анҷом диҳад. Бар илова, Ҳукумати Тоҷикистон ҳар вақте аз рушди бекорӣ дар кишвар ҳарф мезанад, талмеҳан Русияро гунаҳкор меҳисобад, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро ба ҷои кори доимӣ таъмин намекунад.

Бархӯрди ҳукумат бо муҳоҷирони корӣ ҳадафмандона ва носолим ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон зиёда аз дуюним миллион нерӯи корӣ дорад, наздик ба ду миллиони онҳо ҳамчун муҳоҷири корӣ дар кишварҳои Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳои дуру наздик ба сар мебаранд ва дар баробари таъмини хонаводаҳои худашон ҳукуматро низ мехӯронанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>