Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Туркияву Русия куштори сафирро кӯшиши баҳам задани муносиботи ин ду кишвар хонданд

$
0
0

Куштори сафири Русия дар Туркия, ки бегоҳи дирӯз сурат гирифт, муносиботи ин ду кишварро халалдор насохт. Аз изҳороти мақомоти ин ду кишвар бармеояд, ки онҳо дар ин фоҷеъа ҳамфикр ҳастанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳамла ба сафири Русияро фитнаандозӣ хонд. Дар шарҳи худ ба оҷонсии “Анадолу” Эрдуғон гуфтааст Туркияву Русия таҷрибаи кофиро доранд, ки ба фитнаангезӣ дода нашаванд.

“Мо имрӯз бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳодисаро баррасӣ кардем. Вазъ аз оғоз аз тарафи раисҷумҳури Туркия ва вазирони корҳои дохиливу тандурустӣ пайгирӣ мешуд” — гуфтааст Эрдуғон. Ӯ аз номи худаш ва тамоми мардуми Туркия ба раисҷумҳур ва тамоми мардуми Русия изҳори ҳамдардӣ кард.

«Сегодня мы имели возможность обсудить произошедшее с президентом России Владимиром Путиным. С самого начала ситуация внимательно отслеживалась президентом Турции, министрами внутренних дел и здравоохранения Турции», — сообщил Эрдоган.

Раисҷумҳури Туркия гуфтааст “новобаста аз пешниҳоди тарафи туркӣ мабнӣ ба ҷудо кардани ҳавопаймо барои интиқоли ҷасади Андрей Карлов, чониби Русия исрор кард, ки ҳавопаймои худро ирсол хоҳад кард. Таъкид шуд, ки як маркази зудамал барои тафтиши қазия бо иштироки ҷониби Русия саривақтист”.

Раисҷумҳури Туркия номи қотилро ҳам ифшо кард, ки Мавлуд Мерта Олтинтош будааст. “Мо хуб медонем, нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд аз ин ҳодиса манфиъат бардоранд ва ҳаракоти онҳоро бодиққат назора мекунем. Рӯзе мерасад, ки мо ин маълумотро расонаӣ хоҳем кард”- изҳор дошт ӯ.

“Дар ин масъала, ки ин кор фитнаандозӣ аст, мо бо Владимир Путин ҳамфикр ҳастем ва мавқеъӣ ҳарду тараф яксон аст” — гуфт Эрдуғон.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳам куштори сафирро бо шиддат маҳкум кард. “Ин ҷиноят бидуни шубҳа фитнаангезиест, ки алайҳи беҳшавии муносиботи Русияву Туркия ва барқарории сулҳ дар Сурия нигаронида шудааст” — гуфт Путин.

Путин инчунин гуфт посухи ду кишвар ба ин ҳамла бояд шиддат бахшидани мубориза алайҳи терроризм бошад. Раисҷумҳури Русия ҳам таъкид кардааст, ки мавқеӯъи ду кишвар дар ин ҳамла яксон аст.

Сарвазири Туркия Бинали Йилдирим ҳам ин ҳамларо маҳкум ва маълумоти комил дар бораи онро ироа кард.

“Сафири Русия Андрей Карлов ҳангоми баромадаш дар намоишгоҳи аксӣ мавриди ҳамлаи яроқнок қарор гирифт. Новобаста аз кӯшиши табибон, муяссар нашуд ҳаёташ наҷот дода шавад. Қувваҳои амниятии Туркия ҳамлагарро нобуд карданд” — омадааст дар изҳороти Йилдирим. Ӯ ҳамчунин гуфт дар ин ҳамла се шаҳрванди хориҷӣ низ ҷароҳат бардоштаанд ва ба онҳо ёрии тиббӣ расонида мешавад.  

Сарвазири Туркия ҳам таъкид кардааст, ки ҳадафи ин ҳамла ворид карани халал ба муносиботи ду кишвар аст.

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳам гуфтааст “онҳое, ки ин ҳамларо ташкил карданд, ҳадафашон ба ҳам задани муносиботи дӯстонаи Русияву Туркия буд.”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>