Оғози ҳафтаи оянда қарор аст як ҳайати бузурги ҳукуматӣ аз Ӯзбекистон дар раъси ҷонишини сарвазири ин кишвар Рустам Азимов вориди Тоҷикистон шавад.
Тибқи иттилои “Азия плюс” ин ҳайат 26-уми декабр ба Душанбе меояд, то дар нишасти навбатии комиссиюни байниҳукуматӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро бо ҷониби пазиранда ба баррасӣ гирад. Роҳбарони ин комиссиюн тибқи иттилои ҳамин бо такя ба манобеаш дар ҳукумати кишвар ҷонишини сарвазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва ҷонишини аввали сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ саид ҳастанд.
Дар нишасти комиссиюни байнидавлатӣ имкон дорад Тоқикистону Ӯзбекистон дар бозкунии хатсайрҳои заминӣ, яъне роҳи оҳан ва мусофиргард ба тавофуқ бирасанд. Тибқи иттилои манба рӯзҳои наздик дар сарҳади шарду кишвар гузаргоҳҳои иловагӣ боз хоҳанд шуд.
Тошканд ният дорад дар оғози соли оянда як намоишгоҳи бузурги молҳои истеҳсоли Ӯзбекистонро дар Душанбе баргузор кунад. Дар ин намоишгоҳ сар аз мошинҳо, то маводи хӯрокаи истеҳсоли кишвари ҳамсоя ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд. Дар ҳошияи ин намоишгоҳ, қарор аст нишасти тиҷоратии соҳибкорони тоҷику ӯзбек баргузор гардад.
Дар нишасти Душанбе боширкати ноибони сарвазирҳо имкон дорад масъалаи содакунии гирифтани виза байни ду кишвар ҳам баррасӣ шавад.