Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Боз баҳси “Жуковский”. Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба фишори Русия эътироз кард

$
0
0

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон талаби мақомоти Русия мабнӣ бар иҷозаи бидуни қайду шарт ба парвози ширкати ҳавопаймоии “Ямал” аз фурӯдгоҳи “Жуковский”-и Маскавро “фишори ғайри қобили қабул” номид.

Ганҷалзода гуфтааст дирӯз вазорати нақлиёти Русия бо ирсоли як нома аз Тоҷикистон талаб кардааст бидуни ҳеҷ шарте ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” иҷоза диҳад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, дар сурати иҷро нашудани ин талаб, ҷониби Русия сар аз 22-декабр парвози ширкатҳои тоҷикӣ ба Русияро мамнӯъ хоҳад кард.  

“Мо ин фишорро ғайри қобили қабул медонем” — гуфтааст Шералӣ Ганҷалзода.

Рӯзи 20-уми декабр парвози як ҳавопаймои ин ширкат бинобар набудани иҷозаи ҷониби Тоҷикистон боз дошта шуд ва 100 нафар мусофирони он тибқи иттилои ТАСС дар меҳмонхонаҳо ҷойгир кунонида шудаанд.

Вазорати нақлиёти Русия ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор медонад, ки банди дуввуми созишномаи байни ду кишварро иҷро намекунад.

Қаблан бинобар иҷоза надодани ҷониби Тоҷикистон ба парвози ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” аз ҳамин фурӯдгоҳ, ҷониби Русия ҳамаи парвози ширкатҳои Тоҷикистон ба ин кишварро манъ кард ва танҳо баъди иҷоза пайдо кардани “Уралские авиалинии” ин парвозҳо аз сар гирифта шуданд.

Он вақт қабл аз музокирот бо ҷониби русӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон эълон карда буд, ки аз манофеъи кишвар ҳимоя хоҳад кард. Сипас гуфт ҷонибҳо ба тафовуқ расидаанд парвозҳо аз тарафи ширкатҳои ҳарду кишвар иҷро шаванд. Аммо бо вуҷуди оғози парвозҳо аз тарафи “Уралские авиалинии” ҳанӯз ҳеҷ ширкати тоҷикӣ дар ин самт ба парвоз оғоз накардааст. Ҳаминак ширкати дуввуми русӣ мехоҳад аз ин фурӯдгоҳ ба Тоҷикистон парвоз дошта бошад ва вазорати нақлиёти Русия бори дигар аз фишор кор гирифтааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>