Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Асабонияти Раҳмон, «патриот»-ҳои мансабдор ва ифшои сиру санадҳои махфиёнаи ҳукумат

$
0
0

Ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои ахир бо як асабонияти шадид даст ба корҳое мезанад, ки обрӯи бе ин ҳам зарбахӯрдаи миллатро дар сатҳи чаҳонӣ мерезонад. Дар бораи обрӯи худи ҳукумат сухан намеравад, чун обрӯе дигар вуҷуд надорад, ки бирезад. Дирӯз бо баргузории мулоқоти ҳамсари Муҳаммадали Ҳаит бо ӯ хостанд нишон диҳанд,ки кори хосе нашудааст ва мухолифин  ҳангома мекунанд. Ақлашон барои як рӯз расид ва рӯзи дигар ҳамсару писари Ҳаитро дуздиданд. Бале, дуздиданд, чун ин рафторҳоро дигар хел номгузорӣ кардан имкон надорад.
Чаро чунин карданд?

Оё фикр накарданд, ки ин рафтори бемантиқ ва зиду нақизашон чӣ таъсири баде хоҳад расонид? Мутмаинам, ки фикр накарданд. Чун имрӯзҳо ҳукумат дигар бо фикру андеша ва барнома пеш намеравад, балки рафтораш комилан дар асоси »ҳисси худнаҷотдиҳӣ»( инстинкт самосохранения) анҷом мегирад. Камтарин хатар  дар  чашмонашон мисли як дев менамояд, ки бояд нобуд гардад. Ҳатто зану бачаҳои ноболиғ ҳам. Ҳатто мурдаҳо ҳам. Ҳукумат дар руйхати ашхоси мавриди кофтукоби ҷиноӣ модари чор сол қабл фавтидаи Раиси ҲНИТ ва писари 7 солаи ӯро низ ба Русия фиристодаанд, ки боиси таъаҷҷуби шарикони русашон гаштааст.
Пас аз як оромиши  нисбӣ, ҳукумат якбора фишору таъқиби мухолифин, ба хусус наздикони роҳбарият ва аъзои ҲНИТ-ро пуршиддат кард. Ба саволи яке аз »даъватшудагон» барои сӯҳбат, “чӣ маъни дорад, даҳҳо ҳазор ҷинояткорро афв мекунед, вале инсонҳои бегуноҳро рӯз ба рӯз бештар азият медиҳед?», муфаттиш ҷавоби кӯтоҳу ошкор додааст: »Зиндонҳоро барои шумо холӣ мекунем.» Ин рафторҳо дар маҷмӯъ ба як чиз далолат мекунанд; эҳсоси тарс ва заъфи шадид.
Маълумотҳои расида нишон медиҳанд, ки ҳамаи хешу табори маҳбусони сиёсӣ рӯзҳои охир аз як чиз пурсида мешаванд: нусхаи ҳукми Додгоҳи олиро ба  мухолифин ки расонд? Манзурашон, нусхае аст, ки дар сайти Паём.нет нашр шуд. Суол ба миён меояд, ки чаро ин масъала барои ҳукумат ҳассос аст? Магар хукми додгоҳ санади махфӣ аст? Дар тамоми олам пас аз ҳукм нусхаи онро дар як муддати пешбининамудаи қонун ба вакилон, худи маҳкумшудагон ва гоҳо ба наздиконашон месупоранд, то тавонанд аз болои он шикоят баранд ва ё онро дошта бошанд. Ба ғайр аз кившари мо, ки метавонанд як инсонро паси дарҳои баста маҳкум кунанд ва санаде ҳам надиҳанд, ки барои чӣ ҳукм содир карданд. Эълон мекунанд ки фалонӣ ҷинояткор, террорист ва дузд аст. Касе бовар накард, ин мушкилии ӯст, чун ӯ метавонад  хоин ё фурӯхташуда бошад, модоме ки ба гапи ҳукумат бовар намекунад.
Дар ҳолати маҳкумшудагони Наҳзат ҳам додгоҳ нусхаи ҳукмро ба касе надодааст, ҳатто барои шиносоӣ ҳам ба вакилону худи маҳкумшудагон нишон надодааст. Вагарна то мирӯз вакилон ва хешу табор мунтазири нусхаи ҳукм наменишастанд ва ҳатман шикояти касатсионӣ мебурданд. Боз такрор мекунем, бар хилофи ҳамагуна меъёрҳо, аз ҷумла, қонунгузории худи кившар. Риоят нашудани оддитарин меъёри қонун аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дигар як падидаи бебаҳс аст ва мавзуъи мо ҳам нест. Баҳс ин аст, ки чигуна санади комилан махфӣ ба дасти мухолифин меафтад? Модоме, ки нусхаро ба дасти касе ҳатто барои шиносоӣ надодаанд, пас аз куҷо рафтааст?
Биёед каме ба қафо баргардем. Вақте ки Протоколи маъруфи 32-20 дар расонаҳои русӣ нашр шуд, яке аз  саволҳои ғазабноки роҳбари кишвар аз аъзои Шӯрои амният ин буд, ки “аз роҳбарони Наҳзат чанд миллион пора гирифтеду протоколро фурухтед?!»  Ҳақ ҳам дошт ба ғазаб биёяд. Чун, 1) протоколи ҷаласаи сиррии Шӯрои амнияти кившар буд. 2) Протоколро худи Раҳмон, ҳамчун Президент бо имзояш тасдиқ карда буд ва аз ҳама муҳим, 3) Протокол нишон медод, ки Раҳмон ҳамчун Президент на танҳо дар фикри ҳимояти Конститутсия нест, балки вайронкунандаи асосии он ҳам ҳаст. На танҳо дар фикри риояти Созишномаи сулҳ ва ҳифзи ваҳдати миллӣ нест, балки поймолкунандаи аслии он ҳам ҳаст. Тамоми дастурҳо барои фишор болои дину диндорон ва мухолифин кори кадом як мансабдори хурду миёна не, балки дастури шахсии худаш аст.
Ин буд, ки ба ғазаб омад. Агар аз худи ӯ намебуд, пас аз нашри он санад талош мекард, ки дар амал сохта будани онро исбот кунад. Вале то имрӯз комилан тибқи ҳамон дастурҳояш амал мекунад ва ақаб гаштанӣ ҳам нест. Пас мо ҳам дар ҳолати протокол ва ҳам ин ҳукми додгоҳ кор бо санадҳои аслӣ дорем, на сохтаву бофтаи касе. Вагарна, ҷои ғазабу фишору асабоният ҳам намемонд.
Пас суоли аслӣ боқӣ мемонад, чигуна ва аз тарафи ки ин санадхо дастрас мегарданд?
Танҳо метавон ҳадс зад. Он чизе ки аниқ аст, аксари  мақомдорон ва мансабдорони имрӯзаи Тоҷикистон, дар хидмати ин ё он кишвари бегона қарор доранд. Ҳатто, баъзеяшон шаҳрвандии пинҳонӣ ва паспортҳои кишварҳои хориҷро низ гирифтаанд. Барои рӯзи мабодо. Бахусус байни мақомоти қудратӣ ин ҳолат бештар ривоҷ ёфтааст. Онҳое, ки омодаанд ҳар инсонро барои »кам дӯст доштани ватан» ва » хиёнат ба миллат» , ба гуфти худашон »бидаронанд», алакай санадҳои лозимиро барои гирифтани нафақаи хидматӣ аз кишвари дигар омода кардаанд. Қисме ҳатто нафақа ҳам мегиранд, ки дасти мо санадҳо ва рӯйхати қисме аз ин »сарбозони ватан» ва »патриотҳо» вуҷуд доранд. На танҳо ному санад, балки навору сабтҳои аҷибу ғарибе ҳам вуҷуд дорад, ки бештарашон масоили шахсӣ ва хонаводагӣ аст, ки танҳо ба хотири риояти фарҳанги миллӣ ва нороҳат накардани фарзандону наздикони ин »малоикаҳо» аз нашри онҳо худдорӣ мешавад. Мулоҳизае, ки худи онҳо ҳеҷ гоҳ нисбати миллати худ ва эҳсоси наздикони дигарон накардаанд ва нахоҳанд кард. Чун табиату фарҳангу чаҳонбинии онҳо дигар аст.
Маҳз ҳамин » патриотҳо» тамоми ин санадҳо , наворҳо ва гапҳоро ба мақомоти кившарҳои дигар мерасонанд, чун вазифадоранд ва маошу нафақа ҳам барои ин кор мегиранд. Дар болотарин сатҳи ҳукумати Тоҷикистон имрӯз заъифтарин кишвари минтақа  нуфузи худро дорад. Чун барои як мансабдори имрӯзаи тоҷик мансаби давлатӣ сарчашмаи даромад аст, пас чаро аз он ба ин шакл ҳам истифода нашавад? Аз як мансабдори собиқ пурсидем, ки чаро чунин мекунанд ҳамкорони шумо, гуфт “ҳар кадомаш фикр мекунад, ки ҳамаашон агенти ин ё он кившар ҳастанд ва ҳатман ин хабарро ё санадро касе ба ҷое мефурушад. Пас чаро ман ин корро зудтар накунам, то арзиши бештаре дошта бошад?”
Мушкили системаи давлатдории  Раҳмон ҳам ҳамин аст. Заъфи давлатдориаш ҳам ҳамин ҳаст ва то рӯзе, ки ӯ ҳаст, боқӣ мемонад. Чун дасти рақибони минтақаӣ ва дохилиаш он қадар далел додааст, ки хар вақте хоҳанд якеашро ошкор мекунанд. Раҳмон бо тамоми қудратиҳои  »патриоти» асабониаш думболи зану бачаи бегуноҳи мардум мегардад, то зерпӯши мардуму ҷогаҳи хоби онҳоро ҳам навор мегираду намоиш медиҳад, бехабар аз он, ки захираи наворҳо алайҳи худаш ва мансабдоронаш дасти »дӯстон»-у рақибонаш чандсад гигабайт аст, агар террабайт набошад. Бердимухаммадов ҳам бо нашри сӯҳбати дипломатҳои Раҳмон паёми хурде дод, ки агар рафторатро дигар накунӣ, сирҳои дигарро ҳам мекушоям. Барои огоҳӣ кашф шудани миқдори зиёди ҳероин дар мошини дипломатии Тоҷикистонро, ки баъди зораву таваллои Раҳмон он вақт туркманҳо расонаӣ накарданд, ёдоварӣ кард.

Вақте Раҳмон хост мисли Атамбоев аз русҳо барои пойгоҳи низомӣ пул бигирад, протоколи 32-20 нашр шуд ва Раҳмон гапдаро шуд ва ёдаш омад, ки »пойгохи Русия кафили амнияти минтақа аст ва набояд пул ситонем.» Ҳатто маҷбур шуд пул ҳам бидиҳад, албатта, на ба шахси Путин ва на ба буҷаи Русия, балки ба лоббигарҳояш атрофи Путин ва генералҳои фасодзада, ки ҳанӯз аз солҳои қумандони Фронти халқӣ буданаш замони ҷанги шаҳрвандӣ, бо онҳо доду гирифт дошт.
Ба назар мерасад сиёсатҳои сардаргуми Раҳмон боз ҳам ӯро дар ҳолати душвор қарор додааст ва тибқи баъзе маълумотҳо ба зудӣ наворҳое дар бораи шӯриши сохтаи А. Назарзода ва шиканҷаву говсудҳои мухолифон дар сомонаҳои минтақа нашр хоҳад шуд. Аммо маълум нест, ки дар муқобили он наворҳо Раҳмон боз чӣ чизи миллату Ватанро “ҳадя” хоҳад кард.
Бо пиру бемор шудани Раҳмон (ҳолдонҳо мегӯянд, тақрибан бе шароб ва доруҳои қавӣ дигар кудрати кор кардан надорад) рақобати гурӯҳҳо ва кланҳои дохилиҳукуматӣ рӯз ба рӯз қавитар мешавад. Ҳар гурӯҳ бар зиди гурӯҳи дигар компромат ҷамъ мекунад ва дар сурати лозима ин компроматҳо кам кам » утечка» ҳам мешаванд. Аммо, барои он, ки система зоҳиран якпорча ва муттаҳид нишон дода шавад, ҳамаи онҳо манфиатдоранд, ки як душмани муштарак дошта бошанд ва тамоми мушкилотро бар дӯши онҳо бор кунанд. Дар ҳоли  ҳозир Наҳзат барои ин нақш муносибтар аст ва ҳукумат тамоми тавону қудраташро болои он ба намоиш мегузорад. Таҳдиду таҳқир, бозҷуӣ ва гаравгон гирифтани хешу табор ва мусодараи амволи онҳо низ ҷузъи ҳамон сиёсати душмантарошӣ, қудратнамоӣ ва ҳифзи якпорчагии ҳамаи кланҳои соҳибқудрат аст, ки бо вуҷуди ҳама талошҳои Раҳмон як-як камтаъсир мешаванд. Ин хама танҳо натиҷаи кору фаъолияти мухолифин нест, балки натиҷаи »заҳмат»-ҳои худи Раҳмон аст, ки чеҳраи воқеъии худро рӯз ба рӯз ба ҷаҳон ва миллат ошкор мекунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>