Пас аз таҳдиди Вазорати нақлиёти Русия мабнӣ бар лағви парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба Русия, ҷониби Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймои ширкати “Ямал” ба Тоҷикистон иҷоза дод.
Аммо вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода мегӯяд, иҷозат ба парвози ҳавопаймои ширкати “Ямал” истисноӣ буд, чун 100 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи “Жуковский дармонда буданд. Ба парвози минбаъдаи ҳавопаймоҳои ин ширкат, ба гуфтаи Ганҷалзода танҳо баъди қабули шартҳои Тоҷикистон, ки назди ин ширкат гузоштааст, иҷоза дода хоҳад шуд. Дар бораи шартҳо, ки аз чӣ иборатанд, вазири нақлиёти Тоҷикистон чизе нагуфтааст.
Аммо коршиносон мегӯянд, шарти Тоҷикистон ба ҷониби Русия бо гумони ғолиб нигоҳ доштани нарх дар як сатҳи муайян аст. Чун адр суарти рақобати нархӣ ширкатҳои тоҷикӣ имкони рақобат бо ширкатҳои русиро надоранд.
Қаблан ҷониби Русия шарт гузошта буд, ки дар сурати иҷоза пайдо накардани ширкати “Ямал” парвози ширкатҳои тоҷикӣ ба Русия лағв хоҳад шуд. Ганҷалзода ин шарти Русияро “фишори ғайри қобили қабул” номида буд.
Рӯзи 20-уми декабр парвози як ҳавопаймои ин ширкат бинобар набудани иҷозаи ҷониби Тоҷикистон боз дошта шуд ва 100 нафар мусофирони он тибқи иттилои ТАСС дар меҳмонхонаҳо ҷойгир кунонида шудаанд.
Вазорати нақлиёти Русия ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор медонад, ки банди дуввуми созишномаи байни ду кишварро иҷро намекунад.
Қаблан бинобар иҷоза надодани ҷониби Тоҷикистон ба парвози ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” аз ҳамин фурӯдгоҳ, ҷониби Русия ҳамаи парвози ширкатҳои Тоҷикистон ба ин кишварро манъ кард ва танҳо баъди иҷоза пайдо кардани “Уралские авиалинии” ин парвозҳо аз сар гирифта шуданд.
Он вақт қабл аз музокирот бо ҷониби русӣ вазири нақлиёти Тоҷикистон эълон карда буд, ки аз манофеъи кишвар ҳимоя хоҳад кард. Сипас гуфт ҷонибҳо ба тафовуқ расидаанд парвозҳо аз тарафи ширкатҳои ҳарду кишвар иҷро шаванд. Аммо бо вуҷуди оғози парвозҳо аз тарафи “Уралские авиалинии” ҳанӯз ҳеҷ ширкати тоҷикӣ дар ин самт ба парвоз оғоз накардааст.