Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

«Толибон»аз рӯйхати ҳаракатҳои террористӣ хориҷ мешавад?

$
0
0

Дар мулоқоти сеҷонибаи Русия, Туркия ва Эрон тасмим гирифта шудааст, ҳаракати Толибон аз рӯйхати ҳаракатҳои террористӣ хориҷ карда шавад.

Дар ин бора дар баёнияи ин ҳаракат, ки рӯзи 29- декабр нашр шудааст, гуфта мешавад. “Боиси хушҳолист, кишварҳои минтақа ба ин натиҷа расиданд, ки Аморати Исломӣ як қудрати сиёсӣ ва ҳарбист. Пешниҳоди ихроҷ кардани Аморати Исломӣ аз рӯйхати ҳаракатҳои террористӣ дар нишасти сегонаи Маскав як гоми муваффақ барои барқарории сулҳу амният дар афғонистон аст” — омадааст дар ин баёния.

160525043709-mawlawi-haibatullah-akhunzada-new-taliban-leader-exlarge-169 Мавлавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунзода, раҳбари Толибон

“Мо аз ин пешниҳод истиқбол мекунем, вале барои истиқрори сулҳи воқеъӣ, бояд ҳуқуқҳои аслии мардуми мазлуми Афғонистон барқарор карда шаванд, то онҳо низ мисли мардумони дигар кишвари озод дошта бошанду дар он озодона ҳаракат кунанд” — омадааст дар идомаи баёния.

Дар ин баёния Толибон аз ҳадафашон ҳам ҳарф задаанд ва онро сохтани як ҳукумати исломӣ гуфтаанд: “Ҳадафи мо истиқлоли комили кишварамон ва бунёди як ҳукумати исломист. Аморати Исломӣ як воқеъият аст ва реша дар қалбҳои мардум дорад. Мақсади мо сарҷамъии ҳамаи гурӯҳҳо ҷомеъа ва тамомияти арзии кишварамон мебошад”.

“Имрӯз ҳам аморат мусаббиби сулҳу амният дар ноҳияи зери назораташ аст. Мо шоҳиди аз байн рафтани ҷинояту дуздӣ дар навоҳии озодшуда аз ҳукумати вайронкори Кобул ҳастем” — гуфта мешавад дар баёния.

Ин байния аз номи Муҳаммад Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Шӯрои сиёсии Толибон нашр шудааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>