Ато Муҳаммади Нур, аз ҳамсафони Аҳмадшоҳ Масъуд ва раҳбари феълии вилояти Балхи Афғонистон гуфтааст ба ӯ пешниҳод кардаанд, дар сурати аз ин мансаб рафтани женерол Дӯстум метавонад ҷойи ӯро ишғол кунад.
Ато Муҳаммади Нур гуфтааст ин пешниҳодро мақомоте аз Кобул ироа кардаанд, вале ӯ рад кардааст. Аз мақоми пешниҳодкунанда ҳам волии Балх ном набурда аст. Тибқи иттилои бахши форсии ВВС аз забони ӯ, Ато Муҳаммад посух додааст “ман хайротхӯр нестам. Ӯ (женерол Дӯстум) хуб аст, хароб аст, муъовини аввали раёсати ҷумҳурӣ аст. Агар женерол Дӯстум канор меравад, як ӯзбак бояд ҷоӯгузини ӯ шавад”.
Женерол Абдулрашиди Дӯстуми ӯзбектабор, ки дар шимоли Афғонистон бо Ато Муҳаамади Нур рақобат дорад, баъд аз як рафтори бади ҷинсӣ бо Аҳмад Ишчӣ, волии собиқи Ҷузҷон, зери фишори сиёсӣ қарор гирифтааст ва алайҳаш парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мақомоти Афғонистон ҳанӯз дар робита бо ин изҳороти Ато Муҳаммади Нур ҳеҷ вокунише нишон надодаанд.