Муассиса молӣ ва бонкии «HSBC» дар гузорише, ки рӯз душанбе дувуми январ мунташир карда, беҳтарин кишварҳои ҷаҳон барои зиндагии муҳоҷирони мутахассисро муаррифӣ кардааст.
Ин гузориш, ки дар сол 2016 мелодӣ таҳия шуда, баргирифта аз натиҷаи назарсанҷии беш аз 27000 муҳоҷир буда, ки дар 190 кишвар мухталиф ҷаҳон зиндагӣ мекунанд.
Саволҳои умдае, ки аз ширкаткунандагон дар назарсанҷӣ пурсида шудаанд, шароити кор ва зиндагӣ дар кишваре буда, ки ба он муҳоҷират кардаанд.
Гузориши «HSBC» фоктурҳои мухталифе назири пешрафт корӣ, мазиятҳои шуғлӣ ва таодул миён кор ва зиндагиро мадди назар қарор додааст. Дар ин гузориш мизони даромад ҳам лиҳоз шуда, аммо дастмузд илзоман омили таъйинкунанда барои натиҷагирӣ набудааст.
Даромади мутавассит (миёна) дар ин гузориш, фақат касонеро шомил мешавад, ки дар назарсанҷи ширкат кардаанд.
Ин гузориш беҳтарин кишварҳои ҷаҳон барои муҳоҷиронро ба тартиби зер авлавиятбандӣ кардааст. Манзур аз муҳоҷир дар ин гузориш, афроде буда, ки бар асос «тахассус» ва «маҳорат» ҷазби саноеъи мухталифи кишвари мизбон шудаанд.
- Суис (Швейтсария)
Раъйи дуввумин соли мутаволӣ Суис рутбаи аввали листи кишварҳоеро ба худ ихтисос додааст, ки муҳоҷирони мутахассис қасди зиндагӣ дар онҷоро доранд. Бар асос назарсанҷии «HSBC» ин кишвари кӯчаки Аврупоӣ бо муҳайё кардани шароите назири пасандози муносиб, таъодули хуб миёни кор ва зиндагӣ ва фарҳанги кории шоиста, тавониста дар сол 2016 мелодӣ ҳам бар асоси назари афроде, ки дар назарсанҷӣ ширкат кардаанд, рутбаи аввалро азони худ кунад.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, даромади мутавассити як «муҳоҷири мутахассис» дар Суис солона беш аз 188 ҳазор доллари амрикоист.
Суис дорои яке аз модернтарин системҳои ҳамлу нақли умумӣ ва ҳамчунин хадамоти хуби пизишкӣ дар ҷаҳон аст. Фронки Швейтсария яке аз қавитарин арзҳои мӯътабари ҷаҳонӣ аст ва содироти болову бозори кори рӯ ба рушди Суис, ин кишварро ҳатто дар замони талотуми иқтисодӣ дар кишварҳои ҳавзаи евро, ба яке аз босуботтарин кишварҳо табдил кардааст. Хазинаи зиндагӣ дар Швейтсария албатта дар муқоиса бо соир кишварҳои Аврупои болост.
- Олмон
Барои муҳоҷироне, ки ба думболи амният шуғлӣ ҳастанд, шояд Олмон беҳтарин гузина бошад. Иртиқои шуғлӣ ва ба даст овардани маҳоратҳои ҷадид дар бозори кори ин кишвар, Олмонро ба яке аз мақсадҳои аслии муҳоҷирони мутахассис табдил кардааст.
70 дарсади касоне, ки дар назарсанҷӣ ширкат карданд, бо эъломи ризоят аз зиндагии худ дар Олмон гуфтаанд, амнияти шуғлӣ дар кишвари ҷадиди мизбон ба маротиб беҳтар аз кишваре буда, ки дар он мутаваллид шудаанд.
Бар асос ин назарсанҷӣ, даромади мутавассити солонаи муҳоҷирони мутахассис дар Олмон ҳудуд 98 ҳазор доллар аст.
Бозори кор дар ин кишвари санъатӣ, мавқеиятҳои шуғлии фаровонеро пеши рӯйи муҳоҷирони мутахассис» қарор медиҳад. Стандарти болои зиндагӣ ва зерсохтҳои муносиб, Олмонро аз бисёре аз кишварҳои дигари Аврупоӣ мутамоиз кардааст. Ҳарчанд ҳазинаи зиндагӣ дар Олмон болост, аммо тақрибан бо мутавассити хазина дар кишварҳои ғарби Аврупо яксон аст.
- Суид (Шветсия)
Яке аз муҳимтарин шохисҳо барои муҳоҷироне, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунанд шароити хуби корӣ аст. Беш аз 70 дарсад аз касоне, ки дар назарсанҷӣ ширкат карданд, гуфтаанд фарҳанги корӣ дар ин кишвари искондиновӣ дар муқоиса бо кишваре, ки дар он мутаваллид шудаанд ба маротиб беҳтар аст.
Бар асос ин назарсанҷӣ, даромади мутавассит ҳар муҳоҷири мутахассис дар Шветсия наздик ба 85 ҳазор доллар дар сол аст.
Шветсия дорои суботи болои иқтисодӣ аст ва системи рифоҳи иҷтимоии саховатманд ин кишвар, теъдод зиёдеро дар солҳои охир ба ин кишвар кашондааст. Ба гуфтаи бисёре аз муҳоҷирон, Шветсия кишваре аст, ки барои шаҳрвандонаш аҳамияти зиёде қоил аст.
Муҳити корӣ дар Шветсия камтаниш, вале ҳирфае аст. Мудирон ба хубӣ кормандонро ҳимоят мекунанд ва фурсатҳои кории зиёде пеш рӯй муҳоҷирони мутахассис (ба хусус дар ҳавзаҳои муҳандиси маъдан ва пизишкӣ) вуҷуд дорад.
Ҳавои Шветсия дар замистон бисёр сард аст ва дар нуқоти шимоли ин кишвар ба 30 дараҷа зери сифр ё камтар ҳам мерасад.
- Амороти муттаҳидаи арабӣ
Муҳимтарин шохисҳое, ки муҳоҷирон ба унвони мазияти зиндагӣ дар Амороти муттаҳидаи арабӣ ба он ишора кардаанд, кӯмаки хазинаи маскан ва хадамоти дармонӣ ва беҳдоштӣ дар ин кишвар аст.
Дубай ва Абудабӣ мақсади суннатии теъдоди зиёде аз муҳоҷирони корӣ будааст, аммо дар солҳои ахир мутақозиёни кор дар Шорҷа ҳам афзоиш ёфтаанд.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, мутавассити даромади солонаи як муҳоҷири мутахассис дар ин кишвари ҳавзаи Халиҷи Форс наздик ба 113 ҳазор доллар аст.
Мавқеияти стратегии ин кишвар дар Ховари Миёна, системи банкии қавӣ ва танаввӯъи иқтисодӣ, Аморотро ба мақсади бисёре аз сармоягузорон ва муҳоҷирони корӣ табдил кардааст.
5- Норвегия
Бештар афроде, ки ба Норвегия муҳоҷират кардаанд иртиқои «таъодул миёни кор ва зиндагӣ» дар муқоиса бо маҳалли қаблии зиндагиро муҳимтарин шохиси зиндагӣ дар ин кишвар донистаанд ва ба ҳамин далел ин кишвар дар листи даҳ кишвари аввали гузориш «HSBC» дар бораи шароити кор ва зиндагӣ қарор гирифтааст.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, мутавассити даромади солонаи як муҳоҷири мутахассис дар Норвегия ҳудуди 97500 доллар баровард шудааст.
Бештар касоне, ки ба Норвегия муҳоҷират мекунанд, иллати муҳоҷирати худро иртиқои шуғлӣ ва беҳбуд бахшидан ба кайфияти зиндагӣ унвон кардаанд. Манобеъ табиии фаровон ва ҳамчунин захоири зиёди нафт ва газ, Норвегияро табдил ба як иқтисоди қавӣ ва босубот дар ҷаҳон кардааст.
6- Сингапур
Сингапур бо ин, ки кӯчактарин кишвари ҷанубу шарқи Осиёст, аммо шароити зиндагӣ дар ин кишвар теъдоди зиёде аз муҳоҷирони кориро ба сӯи худ кашондааст.
Ба гуфтаи касоне, ки ба Сингапур рафтаанд, ин кишвар ҷой муносибе барои иртиқои шуғлӣ маҳсуб мешавад, ҳарчанд таодул миён кор ва зиндагӣ аз ҷаззобияти хоссе дар ин кишвар бархурдор нест.
Бар асос ин назарсанҷӣ, мутавассити даромад солонаи як муҳоҷири мутахассис дар Сингапур ҳудуд 139 ҳазор доллар аст.
Ҳудуд 62 дарсад аз касоне, ки дар назарсанҷӣ ширкат кардаанд аз иртиқои шуғлии худ дар ин кишвар ризоят доштанд.
Сингапур, пойтахт ҷумҳурии Сингапур яке аз амнтарин ва тамизтарин шаҳрҳои дунёст ва ин кишвар дорои зерсохторҳои бисёр модерн ва пешрафтааст.
Яке аз нукоте, ки муҳоҷироне, ки ба ин кишвар рафтаанд аз он интиқод мекунанд хазинаи болои зиндагӣ дар ин кишвар аст, чун Сингапур яке аз гаронтарин кишварҳои ҷаҳон барои зиндагӣ аст.
- Утриш (Австрия)
Ин аввалин бор аст, ки Утриш дар гузориши «HSBC» дар листи даҳ кишвари бартари ҷаҳон қарор мегирад.
Муҳимтарин шохисҳое, ки муҳоҷирон ба унвони мазияти зиндагӣ дар ин кишвар ба он ишора кардаанд, таодули болои миён кор ва зиндагӣ, фарҳанги муносиби муҳити кор ва пешрафти маҳсуси шуғлии онҳо дар муқоиса бо кишвари қаблӣ будааст.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, мутавассити даромади солонаи як муҳоҷири мутахассис дар Утриш ҳудуди 85 ҳазор доллар аст.
Системи ҳамл ва нақли умумӣ дар Утриш бисёр пешрафта ва дар айни ҳол арзон аст.
8- Ҳонконг
Ҳонконг бо беш аз ҳафт миллион нафар ҷамъият яке аз муҳимтарин бозорҳои молӣ ва тиҷорӣ дар ҷаҳон аст.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, ин кишвар заминаҳои муносибе барои иртиқои шуғлӣ пеши рӯйи афрод қарор додааст, аммо ин илзоман ба маънии беҳбуди кайфият зиндагӣ нест.
Сатҳи даромади муҳоҷирон дар Ҳонконг дар муқоиса бо соир кишварҳо бисёр болост. Бар асоси ин назарсанҷӣ, ба таври мутавассит ҳар муҳоҷири мутахассис дар ин кишвар солона наздик ба 170 ҳазор доллар дарёфт мекунад.
Беш аз ними касоне, ки дар назарсанҷӣ ширкат карданд, гуфтаанд таодул миёни кор ва зиндагии онҳо пас аз муҳоҷират ба ин кишвар бисёр бадтар шудааст.
Ҳонконг дорои имконоти бисёр пешрафта ва люкс барои зиндагӣ аст, аммо ҳазинаи маскан дар ин кишвар болост.
9- Бритониё
Бритониё ҳам монанди Утриш барои аввалин бор дар гузориши «HSBC» дар листи даҳ кишвари бартари ҷаҳон барои муҳоҷирони корӣ қарор гирифтааст.
Муҳимтарин шохисҳое, ки муҳоҷирони корӣ ба унвони мазияти зиндагӣ дар ин кишвар ба онҳо ишора кардаанд, касби маҳоратҳои ҷадид ва пешрафти корӣ будааст. Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ин назарсанҷӣ пеш аз реферондуми бузурги Бритониё барои мондан ё хурӯҷ аз иттиҳодияи Аврупо анҷом шудааст.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, мутавассити даромади солонаи як муҳоҷири мутахассис дар Биритониё ҳудуди 83 ҳазор доллар аст.
Бритониё яке аз болотарин нархи тавлиди нохолиси миллиро дар муқоиса бо соири кишварҳо дорад ва иқтисоди қавии ин кишвар ба ҳамроҳи танаввӯъи фарҳангӣ, бисёре аз муҳоҷиронро ба ин кишвар ҷазб кардааст. Ҳар чанд арзиш пунд стерлинг пас аз реферондум ин кишвар коҳиш ёфт.
Хазинаи зиндагӣ дар Лондон, пойтахти ин кишвар ва ҳамчунин шаҳрҳои бузурги Бритониё болост. Хазинаи ҳамл ва нақли умумӣ ҳам дар ин кишвар дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳои дигари аврупоӣ гарон аст.
- Баҳрайн
Кайфияти болои зиндагӣ ва имкони пасандоз болои даромад, бисёриҳоро ба ин кишвар кашондааст. Танаввӯъи иқтисодӣ дар Баҳрайн зиёд аст ва бисёре аз ширкатҳои байналмиллалӣ дар ин кишвар шӯъба доранд.
Аз ҷумлаи нукоте, ки муҳоҷирон ба унвони мазияти зиндагӣ дар Баҳрайн ба он ишора мекунанд рӯшан будани ояндаи фарзандон барои волидайни хонаводаҳост. Беш аз ҳафтод дарсад аз касоне, ки дар назарсанҷӣ ширкат кардаанд, мегӯянд кайфияти зиндагии фарзандонашон дар Баҳрайн, дар муқоиса бо кишваре, ки қаблан дар он зиндагӣ мекарданд, беҳтар аст. Баъзеи дигар хадамоти пизишкӣ ва беҳдоштии ин кишварро аз мазиятҳои бузурги зиндагӣ дар Баҳрайн баршумурдаанд.
Бар асоси ин назарсанҷӣ, мутавассити даромади солонаи ҳар муҳоҷири мутахассис дар Баҳрайн ҳудуди 99 ҳазор доллар аст.
Дар Баҳрайн, бахшҳои сохтусоз ва ҳамчунин умури молӣ муҳимтарин ҳавзаҳое ҳастанд, ки муҳоҷирон дар он ҷазб кор шудаанд.
Баргардон аз ВВС فارسى