Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Раҳбари МТС: ҷангҳо дар Ховари Миёна дар заминаи гуногунандшешӣ сар заданд

$
0
0

Раҳбарони Маркази тадқиқоти стратегии назди Раисҷумҳури Тоҷикистон на танҳо озодии баён ва гуногунандеширо хатарзо медонанд, балки мутмаинанд, ки ҷангҳо дар Ховари Миёна дар заминаи ҳамин озодии баён ва гуногунандешӣ сар задаанд.

Худойбердӣ Холиқназар, раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ имрӯз, 9-уми январ дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш, гуногунандешӣ ва озодии баёни аз ҳад зиёдро барои сулҳу суботи кишвар хатарзо хонд ва гуфт, ки ҳамин озодии баёну гуногунандешӣ боиси сар задани ҷангҳо дар Ховари Миёна шудаанд.

Ӯ гуфт Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар озодии баён ва расонаҳо дар ҷои аввал аст. Ин дар ҳолест, ки дар шохиси ҷаҳонии озодии расонаҳо, Қирғизистон аз Тоҷикистон 28 зина болотар қарор дорад.

 Сайфулло Сафаров, муовини аввали Худойбердӣ Холиқназар бошад, ба ин назар аст, ки озодии баён ва гуногунандешии аз ҳад зиёд ба рушди кишвар халал мерасонад. Дар ҳоле, ки Тоҷикистон бо маҳдудтар кардани озодиҳо дар як соли охир аз зинаи 116-ум ба 150-уми шохиси озодии баён суқут кардааст, Сафаров мегӯяд дар кишварҳои дар ҳоли рушд, ки чандон устувор нестанд, озодии “аз ҳад зиёд”-и баён ба рушд ва устувории ин кишварҳо хатарзо аст.

Раиси МТС гуфт фаъолиятҳои ғаразолуди воситаҳои ахбори омма нисбат ба давлат ва сардори давлат ва дар зеҳни мардум эҷод кардани демократиябозӣ оқибати хуб надорад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>