Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нишасти бахшида ба 10 солагии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод, ки имрӯз 10-уми январ баргузор шуд, эътироф кард, ки ҳукуматаш саросар фасодзада аст.
Дароғози суханрониаш Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки “коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.”
Тибқи гузориши дафтари матбуотии Раисҷумҳур, Раҳмон бештари ниҳодҳои ҳукуматашро фасодзада хонда, “аз сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, комиссиариатҳои ҳарбӣ ва бонкдорӣ дар даҳ соли охир изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дод…”
Раисҷумҳури кишвар “бо изҳори таассуф” таъкид кардааст, ки “новобаста аз талошҳо ва тадбирҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камбудию мушкилоти зиёд дар соҳа ҷой доранд, ки ислоҳи онҳо муборизаи дастаҷамъонаро бо коррупсия аз ҷониби Агентӣ, Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия, дигар мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа аз пештара бештар тақозо менамояд.”
Тибқи гузориши ҳамин манбаъ раҳбари Оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ, писарбузурги раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон “оид ба нақшаю барномаҳои минбаъдаи корӣ дар самти пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ сухан гуфта ба… Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон … Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста дар нисбати кормандони соҳа ва пешбурди сиёсати муваффақи зиддикоррупсионии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ” намудаваст.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод 10 сол қабл аввали соли 2007 бо ҳадафи мубориза бо фасод таъсис ёфта буд, аммо бо эътирофи худи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари ин ниҳод Рустами Эмомалӣ, яке аз фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ аст.