Муаззама Қодирова, вакили дифоъи Бузургмеҳр Ёров аз ҳимояи минбаъдаи ӯ даст кашида, имрӯз Тоҷикистонро ба қасди кишвари номаълум тарк кардааст.
Сабаби тарки Тоҷикистон кардани ин хонум, бо вуҷуди фишору таъқибҳои зиёд то чанд рӯз пеш аз ҳимояи Бузургмеҳр даст накашида буд, тибқи иттилои як манбаъ хатари зиндонӣ шуданаш будааст.
Як манбаи дигар ба Паём.нет гуфт, ки Қодирова чанд рӯз пеш боздошт шуда буд. Ӯ пас аз истинтоқу фишори равонии зиёд, дирӯз бегоҳ аз боздоштгоҳ раҳо шудааст. Ва билофосила Тоҷикистонро тарк кардааст.
Муааззама Қодирова?
Манба изҳор дошт, ки тақдири Шӯҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров ва дигар вакилон ба Муаззама дарс шуд ва ӯ, ки медонист ин дафъа барои муддати тӯлонӣ боздошт хоҳад шуд, тарки кишвар кард.
Бузургмеҳр Ёров баъди ба дӯш гирифтани ҳимояи боздоштшудагони ҲНИТ мавриди таъқиб қарор гирифт ва билохира бо иттиҳомоти сохта ба 23 соли зиндон маҳкум шуд. Ба ин қаноат накарда, мақомот боз ду парвандаи дигар алайҳи ӯ боз карданд ва бо парвандаи дуввум боз се соли дигар ба ҳукми ӯ илова намуданд. Парвандаи саввум ҳанӯз идома дорад.