Тибқи иттилои ҳанӯз таъйиднашудаи як манбаъ, Рустами Эмомалӣ, писарбузурги раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи падараш раиси шаҳри Душанбе таъин шудааст.
Ҳанӯз ҳеҷ манбаи расмӣ ин хабарро таъйид накардааст, вале эҳтимол дорад соатҳои наздик ин хабар расман эълон шавад.
Ба кадом вазифа рафтан ё ба нафақа фиристода шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев то ҳанӯз маълум нест.
Тафсилоти бештар баъди дарёфти маълумоти дақиқ нашр мешавад.