Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бузургмеҳр Ёров чӣ хидмате ба мардум кардааст?

$
0
0

Вакили дифоъи шинохта Бузургмеҳр Ёров, ки инак як сол бештар мешавад дар боздошт ба сар мебарад ва тӯли ин муддат ҳамеша дар сархати расонаҳо буд, худаш бе вакили дифоъ мондааст.

Фишору таъқибу боздошти вакилон билохира ба ин натиҷа расонд, ки яке аз варзидатарин вакилони дифоъ бе ҳимоятгар мондааст. Вале худи ӯ, замоне, ки вакили дифоъ буд, чӣ хидматҳои ба мардуми кишвар кардааст ва киҳоро дар додгоҳ ҳимоят кардааст?

Паём.нет қисмате аз кӯмакҳои расонидаи Бузургмеҳр Ёров ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъиро дарёфт кард, ки пешкаши хонандагон менамояд:

  1. Бонки «Тиҷорат»-и Эрон;
    2. Заводи тракторсозии «Тоҷирон»;
    3. ҶДММ Мовароуннаҳр;
    4. Созиши оштӣ байни ҶДММ “Бахт” ва ҶШСК “Ориёнбонк”;
    5. Ёрии ҳуқуқӣ ба шабакаҳои телевизионӣ;
    6. Ташкил кардани коллегияҳо;
    7. Ҳамкорӣ бо ҳизбҳои  гуногун ва ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо;
    8. Ҳамкорӣ бо рӯзномаю шабакаҳо ва ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо;
    9. Ёрии ҳуқуқӣ ба бозорҳо дар ноҳияҳои Турсунзода, Шахритӯс ва шаҳри Чкалов;
    10. Химояи узви маҷлиси намояндагони маҷлиси олии ҶТ;
    11.Ширкат дар баҳси Ҳочӣ Акбар Тураҷонзода бо муфт Саидмукаррам Абдуқодирзода;
    12. Тайёр намудани 33 муфаттиш, 850 адвокат ва ҳазорҳо донишҷӯ дар сохторҳои ВКД, адвокатура ва донишкадаи андоз ва ҳуқуқ;
    13. Саҳҳомони УМУ;
    14. Саҳҳомони ҶСШК “Май”-и ноҳияи Ҳисор;
    15. Саҳҳомони заводи консервабарории ш. Конибодом;
    16. Сокинони деҳаи Зимчуруди н. Варзоб дар баҳсашон бо Дастгоҳи иҷроияи президент;
    17. Аз ҳукми қатл баргардонидани маҳкумон Мингбоев  Баҳрулло, Ҳомидов Баҳром ва дигарон;
    18. Ёрии ҳуқуқӣ ба соҳибкорони бозори марказии ш. Исфара;
    19. Ёрии ҳуқуқӣ ба соҳибкорони Эрон — ронандаҳои автомашинаҳои боркаш;
    20. Ёрии ҳуқуқӣ ба саҳҳомони фабрикаи мурғпарварии ш. Сарбанд;
    21. Ёрии ҳуқуқӣ ба ҶДММ “Шоҳон”;
    22. Ёрии ҳуқуқӣ ба соҳибкорони “Котон Лтд”- и н. Б.Ғафуров;
    23. Ёрии ҳуқуқӣ ба соҳибкорони н. Ёвон нисбати ҳукумати Ёвон;
    24. Ёрии ҳуқуқӣ ба сокинони ш. Хуҷанд  оиди баҳси замин нисбати ҳукумати ш. Хуҷанд ва прокуратураи ш. Хуҷанд
    25. Парвандаи масҷиди ҷомеъи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бо Кумитаи дини назди ҳукумати ҶТ;
    26. Баҳси саҳҳомони тарабхонаи “Мерве” Яшар Дурмуш бо дигар соҳибкорони турк;
    27. Баҳси чойхонаи  “Саричашма”-и н. Файзобод бо Тоҷикматлубот;
    28. Баҳси Ҷӯраев Файзиддин бо Тоҷиккинотехника;
    29. Баҳси бозори “Назари Нек”-и н.Б.Ғафуров бо Ашӯров;
    30. Баҳси сокини н. Рӯдаки Ғафуров бо дивизияи 201-уми Рӯсия дар хусуси рӯёндани зарари моддӣ;
    31. Парвандаи шикояти Муқимов Талабшо нисбати телевизиони “Анис”-и шаҳри Конибодом…

    Ёров ҳамчун вакили дифоъ аз 33 ҳазор парвандааш, ҳазорҳо кормандони давлатиро дастгирӣ карда, ёрии ҳуқуқӣ расонидааст. Парвандаи якумаш санаи 16.12.1996 дар суди ноҳияи Сино ҳимоят аз ноболиғоне буд, ки акумулятор дуздида буданд. Парвандаи охиринаш ҳимояи 16 нафар узви Раёсати олии ҲНИТ дар Додситонии кулли ҶТ аз 28.09.2015сол.
    Аз ҷумла химояи:

Раҳмонов Азизулло — муаллими донишгоҳи тиббӣ;
Раҳимов Ҳошим, корманди РМҶС (УБОП) ВКД ҶТ;
Файзуллоев Раҷабалӣ, корманди ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-эйр”;
Раҳмонова Парвина корманди гумруки ҶТ;
Амонулло Ашур муқобили Бег Зуҳуров;
Каримов Мирзо нисбати ШВКД ш.Норак ва РВКД вилояти Хатлон;
Мирзоев Ғаффор Раҳмонович, сарфармондеҳи собиқи горди президентии ҶТ;
Соҳибкорон Тӯрақулова Гулчеҳра, Каримов Имомиддин, Қаландарова Амина, Мулоҷонова Фарангиз нисбати РБДА ВКД ҶТ;

Эргашев Ҷамшед, собиқ сардори шӯьбаи дуюми комиссариати ҳарбии н. Б.Ғафуров
Лӯъбат Бурҳонов муқобили Амонатбонк;
Ҷӯраева Муаттара нисбати ҶСК “Агроинвестбонк”;
Шаҳрвандони вилояти Суғд Азизов Зулфиқор, Парсаева Шаҳло нисбати бонки “Эсхата”;

Саидов Баҳридин, муфаттиши прокуратураи генералии ҶТ;

Бобоҷонова Фирӯза нисбати профессор Тауров;
Додрас Фатҳуллоев нисбати қарори комиссияи тахассусии Суди Олии ҶТ;
Рӯзиматов Бахтиӯр корманди КДАМ;
Юсуфҷонов Саид, оиди аз ҳабс озод кардани амвол нисбати прокуратураи вилояти Суғд
Нигина Амонқулова нисбати РБДА ВКД ҶТ;
Ёров Камолиддин, ронандаи прокуратураи н. Айнӣ нисбати раёсати кадрҳои прокуратура генералии ҶТ;
Қодирқулов Насим нисбати “Сомон Суғд оиди бардоштани даъвои 2,5 миллион доллар;
Кӯмак барои озод кардани шаҳрвандон Саидова ва Каримов аз СИЗО-и шаҳрҳои Санкт Петербург ва Маскав мутаносибан;
Ашӯралиев Рустам муфаттиши РВКД ш. Душанбе нисбати РВКД оиди барқарор намудан ба кор;
Салимов, писари Носир Салимов нисбати раёсати андози вилояти Суғд;
Маладӯстов Ҷанатулло нисбати Кумитаи ҷангали ҶТ;
Дӯстов Саймиддин, муҳарири рӯзномаи “Нигоҳ”, нисбати дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур;
Забирова Қиматгул нисбати корманди КДАМ Саидмуродова;
Салиҳова Фаришта вакили Маҷлиси вакилони халқи ш. Кӯлоб вобаста ба тӯҳмат;
Парвандаи вакили н. Мӯъминобод Раҳимов Сайдулло;
Парвандаи рентгенологи беморхонаи ҷумҳуриявии Қараболо Бозор Икромзода нисбати Вазорати адлия ҶТ
Парвандаи Ҳамзаев Кенҷа муфаттиши ШВКД Файзобод;
Парвандаи Қурбонова Қурбонгул, корманди Вазорати адлия…


Он чӣ зикр шуд, қисмати ночизи он парвандаҳоест, ки Бузургмеҳр Ёров пеш бурдааст…


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>