Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Вазири зиндонӣ дар Покистон барандаи интихобот ба мақоми шаҳрдорӣ шуд

$
0
0

Дар шаҳри Карочии Покистон Васим Ахтар вазири собиқ ва собиқ намояндаи мардумӣ дар порлумон аз ҷиноҳи неруманди «Ҷумбиши Муттаҳидаи Қаюмӣ», ки феълан дар зиндон ба сар мебарад мири шаҳр интихоб шудааст.

Дар интихоботи маҳаллӣ аз 294 овоздиҳанда 196 нафар ба ҷонибдории Васим Ахтар,  овоз доданд. Васим Ахтар чанде пеш бо ҷурми терроризм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ зиндон шуда буд. То ба ҳол маълум нест, ки Васим Ахтар чӣ гуна аз паси панҷара шарҳдорӣ мекунад.

Маросими савганди ӯ ба таърихи 30 август барномарезӣ шудааст аммо озод шудани уро ғайри имкон медонанд. Худи Васим Ахтар аз раҳбарияти вилоят хостааст, ки барои ӯ дар маҳбас дафтар боз кунанд то тавонад шаҳри Карочиро тариқи онлайн идора кунад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>