Маҳбусони сиёсии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар зиндонҳои Тоҷикистон бори дигар аз нав зери фишору шиканҷаи шадид қарор гирифтаанд.
Бино ба иттилои манобеи «Паём.нет» аз масъулини муассисаҳои ислоҳи ҷазо, айни замон зиндониёни сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бахусус ва дар умум тамоми зиндониҳои сиёсӣ ва ҷонибдорони онҳо дар маҳбасҳои Тоҷикистон рӯзона то 10 маротиба бозҷӯӣ ва дар ин рӯзҳои сарди замистон ҳудуди 10—12 соат дар майдон ва ҳавои сард нигаҳдорӣ(ҷазо дода) мешаванд.
Ба гуфтаи манобеи мазкур, зиндонбонҳои кишвар маҳбусони сиёсиро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯиё «онҳо қасди фирор дошта бошанд», ба ин хотир фишору шиканҷаи худро болои зиндониёни сиёсии ҲНИТ ва қисман болои ҷонибдорони онҳо афзоиш додаанд.
Ин ҳам дар ҳолест, афроде, ки бо ҷурмҳои одамкӯшӣ, роҳзанӣ, одамрабоӣ, дуздиву ғоратгарӣ ва ғайра дар муассисаҳои ислоҳи ҷазо(маҳбасхонаҳо) адои ҷазо мекунанд, дар ҳоли ҳозир ба маротиб аз маҳбусони сиёсӣ вазъи хубтаре доранд.
Аз ҷониби дигар, манобеи мо дар Вазорати адлия ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар тасдиқи ин хабар мегӯянд, ки масъулини муассисаҳои ислоҳи ҷазо бо ихтиёри худашон наметавонанд як гуруҳи калонро озор диҳанд, онҳо иҷрочӣ мебошанд. Дар асл ин ҳама фишору шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ тавассути зиндонбонҳо бо супориши худи ҳукумат анҷом мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони мо бар ин назаранд, ки Ҳукумат дар ин шабу рӯз на танҳо аз мухолифони сиёсиаш дар ҳарос аст, балки аз рақибони дохилиаш дар дохили кишвар низ сахт метарсад. Ба ин хотир шиканҷаро болои ин зиндониёни сиёсии ҲНИТ афзоиш додааст, то чашми рақибонашро ҳам битарсонад.
Мақомоти Тоҷикистон шурӯъ аз 16-уми сентябри соли 2015 дар муддати камтар аз ду ҳафта, ҳудуди 200 нафар аз аъзои ин ҳизб, аз ҷумла аъзои Шӯрои сиёсӣ, раҳбарони он дар минтақаҳо ва дигар аъзову ҷонибдорони ҲНИТ—ро боздошт ва бо иттиҳомоти сохтаву бофта ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.
Фаъолияти расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2015 баъд аз ҳодисаҳои хунини 4—уми сентябр ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо муовини аввали Вазири мудофиаи Тоҷикистон марҳум Абдуҳалим Назаров (Ҳоҷӣ Ҳалим) бо дархости Прокуратураи генералии кишвар аз ҷониби Суди олии Тоҷикистон қатъ гардид. Ин иттиҳомоти Ҳукумати Тоҷикистонро ҲНИТ ба пуррагӣ рад мекуна
↧
Афзоиши фишору шиканҷа болои зиндониёни сиёсии ҲНИТ дар Тоҷикистон
↧