Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Бузургмеҳр Ёров дар СИЗО бедарак шудааст?

$
0
0

Аз 31— уми декабри соли 2016 то кунун пайвандони адвокати шинохтаи кишвар ва собиқ вакили дифоъи зиндониёни сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Бузургмеҳр Ёров, то кунун натавористаанд, маълумоте дар борааш дарёфт кунанд.

Хонум Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров тариқи саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора хабар дода, навиштааст: «Ҳамин ҳоло аз СИЗО омадам. Чун ҳар вақта мактуб нест  (обратка). Ба нафаре ки хӯрокҳоро қабул мекунад, гуфтам ки чаро аз одами мо мактуб нест? Дар ҷавоб гуфт, ки мо мебарем хурокро ӯ ҷавоб нанависад, мо чӣ кор карда метавонем? Ман гуфтам одами мо ун нафаре нест, ки нанависад, навиштанро дуст медорад! Аҷиб аз 31 декабр ягон хабар нест!!!»

Ин дар ҳолест, ки имрӯз раиси Суди олии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода гуфт, ки баррасии парвандаи Бузургмеҳр Ёров то ҳол ба анҷом нарасидааст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>