Бо мақсади суръатбахшӣ ба ҷараёни хусусигардонӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1991 Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Пас аз 6 сол, аниқтараш, 16-уми майи соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Аз рўи маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 28360 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуданд, ки ин 36,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 камтар аст. Тайи 8 моҳи соли 2016 ҳамагӣ 44 шахси юридикӣ аз нав ба кайд гирифта шуданд, ки ин 39,7 фоиз (29 нафар) нисбат ба соли 2015 кам мебошад.
Соҳибкороне, ки корхонаю муассисаҳоро хусусӣ мекунанд, бояд ҳаҷму сифати истеҳсоли маҳсулотро бештару беҳтар намуда, ҷойҳои нави кори фароҳам оранд. Вале, мутаассифона, ин ҳадаф на ҳама вақт амалӣ мешавад. Зеро, бинобар саҳлангории масъулини соҳа, иншооти давлатии ба фурўшгузошташуда, бо нархи ночиз ва тариқи ошнобозию хешутаборчигӣ хусусӣ гардонида мешаванд. Ин амали дастандаркорон мақоли халқии «Аввал хеш, баъд дарвеш»-ро ба ёд меорад. Дар натиҷа, иншоот дар аксар маврид ба дасти ашхоси белаёқат афтода, на ҳаҷми истеҳсолот зиёд мешаваду на ҷойи корӣ.
Масалан, собиқ бинои нозироти андози ноҳияи Ванҷи ВМКБ 15 декабри соли 2015 бо нархи рамзии 14333 сомонӣ ба шаҳрванд Идиев Насимҷон, ки аз наздикони раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим маҳсуб меёбад, фурўхта шудааст. Инчунин, 25 декабри соли 2014 ошёнаи якум ва 25 сентябри соли 2015 таҳхонаи бинои истгоҳи телефонии худкори (АТС) 35/36-и ҶСК «Тоҷиктелеком», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кўчаи Сино-42 бо нархи ночизи 121275 сомонӣ (каме бештар аз 15 хазор доллари амрикоӣ) ва мувофиқан 78608 сомонӣ (наздики 10 хазор доллари амрикоӣ) ба шахрванд Ҷинҷов Зафар фўрухта шудааст, ки додари раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мебошад.
Ҳамчунин, бинои истеҳсолӣ ва бинои молхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ба маблағи 27000 сомонӣ фурўхта шудааст. Ҳол он ки масоҳати умумии замини он 10 гектарро ташкил медиҳад. Ё ин ки бинои маъмурӣ ва дигар воситаҳои асосии собиқ Шўрои ҷумхуриявӣ оид ба идоракунии курортҳои Иттифоқи касабаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат бо нархи 121 000 сомони фурўхта шудааст, ки масоҳати умумии замини он 1,15 гектар мебошад.
Имрўз як ҳавлии майдони умумиаш 5-6 садяк (сотих) такрибан 200-240 ҳазор сомонӣ нарх дорад. Аммо воситаҳои асосии фарсудаи ҶСК «Бадахшонагросервис», ки заминаш 4,3 гектарро дар бар гирифтааст, бо маблағи рамзии 42998 сомони фурўхта шудааст. Яъне, иншооте, ки масоҳати 4,3 гектарро дар бар мегирад, ҳатто ба нисфи нархи як хонаи 5 сотиха ҳам фурўхта нашудааст.
Маълум аст, ки ин иншоотҳо дар асл арзиши зиёд доранд, вале бо кадом сабабе зимни хусусигардонӣ бо нархи ночиз фурўхта шудаанд. Ин рўйхатро боз метавон давом дод. Дар натиҷаи чунин хунукназариҳои масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷаи мамлакат миллионҳо сомонӣ ворид намешавад.
Омўзиши раванди фурўши бино ва иншоот нишон дод, ки як қатор биноҳо ва иншоот хилофи қонунгузории амалкунанда ғайридавлатӣ шудаанд. Чунончӣ, тибқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил» фурўши хобгоҳҳо катъиян манъ гардидааст. Аммо 26 июни соли 2014 бинои хобгоҳи ҶСП «Энергоремонт» ғайриконунӣ ба маблаги ночизи 38588 сомонӣ ба шахрванд Хушов Шодмон фурўхта шудааст.
Мувофиқи моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 705, фурўши объектҳои саноати мудофиавӣ қатъиян манъ аст. Аммо сарфи назар аз талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, амволи давлатии зерин ғайриконунӣ бо шумораи зиёд ва нархҳои арзон фурўхта шудааст:
— Анбори бекорхобидаи КВД «Коргоҳи мошинасози»-и назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархи 67273 сомонӣ ба шаҳрванд Шарипов Хайриддин, ки хеле арзон мебошад;
-Қитъаи асфалтбарории КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд ба шаҳрванд Тоҷибоев Рустамҷон ба маблағи 44100 сомонӣ.
Ҳамчунин, Истироҳатгоҳи «Арчинак»-и КВД «Коргоҳи мошинасозӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бўстон, воситахои асосии Раёсати нақлиёти автомобилии №1-и КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, вокеъ дар шаҳри Бўстони вилояти Суғд, бинои коргоҳи рўйпўшкунии КВД «Коргоҳи мошинасозӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумхурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, ки аз арзиши аслӣ чанд маротиба арзон фурўхта шудаанд.
Мувофиқи шартҳои тендери сармоягузорӣ харидори объекти иҷтимоӣ наметавонад самти объекти хусусигардонидашударо тағйир дихад. Ҳамчунин дар муддати 24 моҳ пас аз имзои шартномаи харидуфурўш, соҳибмулк бояд ҷойҳои кориро зиёд намояд. Аммо то ҳол дар ягон расонаи иттилоотӣ нахондаем, ки масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ нисбат ба харидороне, ки дар доираи музоядаҳои тендерӣ соҳиби иншоот гашта, уҳдадориҳои шартномавиро дар мӯҳлати муайян иҷро накардаанд, чораҷўи карда бошанд.
Ҳамин тавр, солхои 2014 — 2015 шумораи ниҳоят зиёди иншоотҳои ҶСК «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нархҳои аз арзиши аслӣ хеле паст фурўхта шудаанд. Аз ҷумла, соли 2014 9 иншоот ва соли 2014 15 иншоот, ки аз ин 10 адад амволи дараҷаи ҷумҳуриявӣ маҳсуб меёбанд, ғайриқонунӣ дар музоядаи сатҳи маҳаллии вилояти Хатлон хусусӣ гардидаанд.
Аз факту рақамҳои дар боло овардашуда аён аст, ки дар натиҷаи роҳ додан ба саҳлангориҳо ва бо нархҳои ниҳоят паст фурўхтани бино ва иншооти давлатӣ, буҷаи ҷумҳурӣ дар ин давраи барои иқтисодиёти мамлакат ҳассос аз маблағи зиёд маҳрум гашт. Ҳолатҳои мавҷуда аз манфиатдории шахсии масъулини соҳаи хусусигардонӣ шаҳодат медиҳад.
Мувофиқи иттилооти мавҷуда, аксар иншооти шаҳрҳои Душанбею Ҳисор, вилояти Суғд ва ВМКБ-ро масъулини соҳаи хусусигардонии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сўйиистифода аз мансаби давлатӣ ба даст овардаанд. Магар ин хокпошӣ ба чашми давлат нест?
Шариф Собирзода