Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати TCell-ро, ки молики асосиаш ширкати Суидии (Шветсия) “Telia Sonera” мебошад, ба пардохти андоз ва ҷаримаи ҳангуфте муваззаф кардааст, ки аз даромади солонаи ин ширкат бештар аст.
“Telia Sonera” бо пахши як изҳорот хабар додааст, дар ҳоле ки TCell тамоми андозҳоро пурра ва саривақтӣ пардохт кардааст, Кумитаи андози Тоҷикистон аз онҳо ғайриқонунӣ 155 миллион сомонӣ андозу ҷарима талаб дорад. Тибқи як санҷиш, ки Кумитаи андоз дар ин ширкат аз моҳи майи соли 2015 то моҳи июни соли 2016 анҷом додааст, гӯё муайян кардааст, ки TCell қисмате аз андозҳояшро пардохт накардааст.
“Telia Sonera” ин талаби мақомоти андози Тоҷикистонро фишори шадиди молиявӣ унвон карда, онро ғайри қобили қабул номидааст.
Фишор болои як ширкати хориҷӣ дар ҳолест, ки ширкату корхонаҳои дохилии зиёде дар натиҷаи фишору ҷаримаҳои зиёди мақомоти андоз ё муфлис шудаанд ва ё тарки кишвар кардаанд.