Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шиканҷаи Зайд Саидов дар зиндон

$
0
0

Баҳодур Исмоилзода, сардори навтаъиншудаи муассисаи махсус (зиндон)— и рақами 3/7 шаҳри Ваҳдат корашро аз фишор ва шиканҷаи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар ин муассиса оғоз кардааст.

Аз 15—ум то 16— уми янвfри соли ҷорӣ ба мӯҳлати беш аз як шабонарӯз зиндонии сиёсии кишвар—собиқ Вазири саноати Тоҷикистон ва раҳбари ҳизби сабтином нашудаи «Тоҷикистони нав» ҷаноби Зайд Саидов дар ШИЗО— и муассисаи махсуси рақами 3/7 Вазорати адлия дар шаҳри Ваҳдат нигаҳдорӣ шуд.

Як масъули Муассисаи махсуси рақами 3/7-и шаҳри Ваҳдат, ки нахост номаш расонаӣ шавад, гуфт, сардори ин муассиса бо баҳонаи ин, ки гӯиё ҷаноби Зайд Саидов дар сӯҳбат бо кадом зиндоние таъин шудани Рустами Эмомалиро ба мансаби раиси шаҳри Душанбе тасмими ноҷо хонда бошад, ӯро ҷазо додаанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин хел ҷазои сахт додан ба маҳбусе чун Зайд Саидов, ки маъюби гурӯҳи якум ҳам ҳаст, тарс додану шиканҷа кардани зиндониён аст. Бар илова, дар чунин ҷои сарду торик нигоҳ доштани амсоли Зайд Саидов хилофи низомномаи маҳбасхонаҳост ва ин амал дар навъи худаш ҷиноят дониста мешавад.

Манбаи мо дар шарҳи «тарс додани зиндониён» гуфт, ки ҳафтаи гузашта сардори  қаблии ин муассисаи махсусро аз вазифааш барканор ва ба ҷои ӯ як «Данғарагӣ»—ро дар ин мақом таъин карданд, ва ӯ ҳоло корашро аз тарс додану шиканҷа кардани маҳбусон оғоз кардааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаи «Паём.нет» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар тасдиқи хабари тағйироти кадрӣ дар ин муассисаи махсус гуфт: ҳафтаи гузашта бар асоси як ротатсия— тағйироти кадрӣ дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон Баҳодур Исмоилзода сардори муассисаи махсуси рақами 3/7 -и шаҳри Ваҳдат таъин карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ин тағйироти кадрӣ бо фармоиши Иззатулло Шарипов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия маъруф ба «Зорро» сурат гирифта, ҳадаф аз он ҷо ба ҷогузории кадрҳои «худӣ» ва канор задани кадрҳои «бегона» аст. Аз баски сардори қаблии ин муассиса зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон буд, чун дар «боло» тасимими равондани фархориҳоро аз мақомҳои асосӣ гирифта буданд, сардори қаблии ин муассиса ҳам қурбони ҳамон тасмимгироҳо шуд.

Зимнан гуфта мешавад, айни замон тамоми зиндониёни сиёсии Тоҷикистон рӯзона то даҳ маротиба бозҷӯӣ ва ҳудуди даҳ то дувоздаҳ соат дар ин зимистон дар майдон ва дар ҳааои сард нигаҳдорӣ (ҷазо дода) мешаванд.

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>