Як донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Бурсаи Туркия дар робита бо парвандаи Абдулқодир Машарипов, маъруф ба “тирзани Истамбул” ва “Бобои барфии Истамбул” боздошт шудааст.
Сабаби боздошти ин донишҷӯ бо исми Абдулазизи Солеҳ он будааст, ки хонаи Машарипов ва дигар доишиёни ӯзбеку тоҷик дар он зиндагӣ мекарда, бо номи ҳамин донишҷӯ иҷора гирифта шудааст.
Мақомоти амниятии Туркия ӯро дар ҳамдастӣ бо Машарипову ёронаш гумонбар медонанд, аммо худи Абдулазиз ба мухбири Паём.нет дар Истамбул гуфт, ки хонаро ӯ чанд моҳ қабл ба соҳибаш баргардонида, аммо шартномаҳои газу барқу обро ибтол накарда буд.
Абдулазиз алъон дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад ва то мушаххас шудани ин, ки бо Машарипов ҳамдаст будааст ё на онҷо хоҳад буд.
Абдулқодир Машарипов шаби соли нав, 31 декабри соли 2016 ба яке аз клубҳои шабонаи Истамбул дар либоси бобои барфӣ ворид шуда, сӯи ширкаткунандагони базми солинавӣ аз мусалсал тир кушод, ки дар натиҷа 39 кушта ва беш аз 60 захмӣ ба ҷой гузошт.