Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳукми аъзои Раёсати Олии ҲНИТ-ро кӣ содир кард? Сабти мурофиа ҳам дастраси Паём.нет шуд (Садо)

$
0
0

Аз боздошти 13 узви Раёсати Олии ҲНИТ як солу 4 моҳ сипарӣ шуд, аммо ҳанӯз сару садоҳо тамом нашудаанд. Бо вуҷуди надоштани ҳеҷ далеле ва интиқоди созмонҳову ҷомеъаи байналмиллалӣ, ҳукумат на танҳо онҳоро озод накард, балки муҷозоти сангине барояшон таъин кард.

Қаблан ба дасти мо далоиле аз даст доштану мустақиман назорат шудани парвандаву мурофиа аз тарафи раисҷумҳур расида буд. Аммо бо чанд далеле аз расонаӣ кардани он худдорӣ мекардем. Инак замоне фаро расид, ки ин далоил расонаӣ шаванд.

Ба инобат гирифта нашудани интиқоду даъватҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ, бидуни ҳеҷ далеле ҳукми сангин гирифтани маҳкумин, қатъ нашудани шиканҷаи аъзои РО ҲНИТ то имрӯз ва ғайра танҳо як далел дорад: ин парванда бо фармони мустақими раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ташкил шудааст, то охирин рӯзи мурофиа аз тарафи ӯ шахсан назорат мешуд ва ҳукми якояки онҳо бо амри шахси Раисҷумҳур содир шудааст. Яъне Эмомалӣ Раҳмон шахсан амр кардааст, ки ба кадоме аз онҳо чӣ ҳукме содир шавад. Ва то имрӯз аз тарафи ӯ назора мешавад.

Тибқи иттилои манбаъи мӯътамади Паём.нет Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, дар як нишасте бо гурӯҳи кӯчак, эътироф карда буд, ки парванда ва мурофиаи додгоҳи аз тарафи Раисҷумҳур шахсан назора мешавад. Ӯ гуфта буд, ки тамоми раванди мурофиъа сабт мешавад ва дар дастрасии Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад ва ӯ дақиқа ба дақиқа онро тамошо мекунад. Сипас супориш медиҳад, ки бо кӣ чӣ гуна рафтор шавад.

Қаблан бо вуҷуди кӯшиши зиёди мақомот нусхаи ҳукм ба дасти мо расида ва мо онро нашр карда будем. Мутаасифона мо тавонистем танҳо нусхаи PDF-и онро нашр кунем. Тасмим гирифтем матни онро аз нав ҳуруфчинӣ ва нашр намоем, то хонандагоне ҳам, ки бо ҳар далеле имкони кушодани PDF-ро надоранд имкони хондани онро пайдо кунанд. Аммо баъди нашри раванди мурофиа.  

Инак он сабт, ки махсус барои раисҷумҳур мешуд, дастраси Паём.нет шуд. Сабаби то имрӯз расонаӣ накардани эътирофи Шоҳиён ҳам ин буд, ки мо мунтазири расидани ин сабт будем. Вале мутаассифона манбаи мо ҳанӯз натавонист сабти видеоиро аз кишвар хориҷ кунад ва ба мо танҳо қисмате аз сабти садоии он расидааст. Сар аз имрӯз мо ба нашри он оғоз мекунем, то худи хонандагон раванди мурофиаи пӯшидаро, ки ба он на танҳо рӯзноманигорон, ҳатто намояндагони созмонҳои ҳуқуқи башар роҳ дода нашуданд, бишнаванд ва қазоват кунанд.

Ҳарчанд сабти баморасида пурра нест, ва дар раванд ҳам чанд ҷояш канда шудааст, вале чизҳои зиёдеро мешавад аз он фаҳмид. Умед мекунем, ки сабти пурраи видеоии он ҳам ба зудӣ бирасад ва тавонем нашр кунем.

1016872760

Сабти садоие, ки дастраси мо шудааст аз посухи Муҳаммадалӣ Ҳаит, ҷонишини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сар мешавад:

..(Дар оинномаи) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳадаф ва маҳсадҳои ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба пуррагӣ навиташудааст ва дар парванда ҳам ин ибораҳо зик шудаанд, вале баъдан таҳрир шуданд. Ки гӯё онҳо аз муборизаҳои сиёсӣ даст кашиданд, аз иитихоботҳо даст кашиданд ва ба ин роҳ даромаданд…  

Вакили дифоъ: Хуб, агар шумо даст мекашидед, ҳатман бояд Шӯрои олии раёсат ҷамъ(?) мешуд ва ягон қарор мебаровард. Ва қарор дар ягон ҷо сабт мешуд, ё ба тариқи аудио ё ба тариқи видео ё дар рӯи қоғаз.. Оё ҳаминхелӣ ҳуҷҷатҳо мавҷуд ҳастанд, ки шумо сиёсати раёсатро камтар тағйир додед, дигар хел кардед?

М.Ҳ. (Муҳаммадалӣ Ҳаит): На, як чунин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Раёсати олӣ ё анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи тағйир ё илова ба хати машйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ё хати сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аслан вуҷуд надорад, хати машйи сиёсии мо дар оинннома ҳамчун мақсад ва ҳадафҳо навишта шудааст ва мо аз он ҳеҷ вақт инҳироф накардаем.

Вакили дифоъ: Шумо ҳангоми сӯҳбат дар рафти тафтишоти пешакӣ ба ман гуфта будед, ки “ман нағз медонам, бинобар вазифаи худам”, яъне вазифаи Шумо, ки зангҳои телефонии шумо ва телефони шумо аз тарафи мақомоти қудратӣ гӯш карда мешавад. Дар парванда омадааст, ки Зарафо Хӯҷаева аз 1-уми сентябр то 15-уми сентябр даҳ маротиба ба Маҳмадалӣ Ҳаит ва ба Ҳисайнов Умаралӣ нӯҳ маротиба занг задааст. Оё ин зангзанӣ ба фаъолияти танзими иттиҳоди ҷиноӣ рабт надорад? Барои чӣ занг мезад? Рӯзҳои дигар оё ба шумо занг мезад ҳамон одам ё не? Агар шумо аъзои як гурӯҳи ҷиноӣ мебудед, вале медонистед, ки зангҳои шумо гӯш карда мешавад, сабт карда мешавад, пас чӣ хел шумо ҳамин хел бо аъзои дигари ҳамин иттиҳоди ҷиноятӣ оиди худи ҳамин ҷиноятҳо, оиди тадбирҳои роҳбарӣ, оиди ҳамин амалҳо занг задед, 27 маротиба?

М.Ҳ. Хуб, сӯҳбатҳои телефонии ман гашту гузори ман дар атрофи қароргоҳи марказии ҳизб дар кӯчаи Борбад, дар ҷои истиқоматиам, дар қароргоҳи муваққатие, ки дар хонаи писари Муҳиддин Кабирӣ — Руҳуллоҳ Тиллозода буд, мавриди пайгарди шадид қарор дошт, бахусус аз тарафи мақомоти амният ва Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил. Ва ҳамарӯза, ҳамасоата, мо аъзои Раёсати олӣ дар куҷо ҷамъ мешавем, чӣ кор мекунем ҳамааш дар пайгард буд. Мо ягон амали хилофи қонун анҷом надодем. Агар анҷом медодем, дастикам боздошт мешудем. Вақте мо дар қароргоҳ будем, ё ки дар ин қароргоҳи муваққатӣ дар хона, ҳамаи ******* ки* нафарҳое, ки ******* мо дар пайгард буданд, ба мушоҳида мерасид, борҳо ба мушоҳида расидааст. Ошкоро меомаданд, ҳатто бо мо сӯҳбатҳое доштанд. Ва дар мавриди гӯш кардани телефонҳо: хоҳар Зарафо узви Шӯрои сиёсӣ аст, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ӯ ба ман занг задааст ё ман ба ӯ занг задаам, ин масъалаҳои корӣ аст. Агар ман ба Назарзода занг мезадам, ба Ҷунайдулло Умаров занг мезадам, ё ба Муллоумар Юнусов занг мезадам, ё ба Сафаров Назар Муродович занг мезадам, ё ба Ибронов Илҳомиддин ё дигар ҳаммаслакону ҳамкорони Назарзода занг мезадам, он дигар гап буд. Вале ончӣ ки гуфтугӯи телефонӣ шуда, байни мо ва хоҳар Зарафо Раҳмонӣ бо Саидумар Ҳусайнӣ (Ҳисайнов Умаралӣ) ва дигар аъзо, ин масъалаҳои кории ҳизбӣ буданд. Ё барои ҷамъ шудан дар ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ ё ҷамъ шудан дар ҷаласаи Раёсати олӣ буда, на чизи дигаре.

Вакили дифоъ: Саволҳои мо барои ҳамон буданд, ки баръакс чӣ хеле, ки ҳозир гуфтед, ******* ****** (фаҳмида намешавад) вале бо ин касҳо ҳаст. Агар Шумо аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ мебудед, ҳатман бояд ақалан ягон маротиба ба тамос мебаромадед ва оиди рафти исён ё тайёрӣ ба исён хабардор мешудед. Саволи дигар дар бораи худи ҳамон мақола. Мақолае, ки гӯё аз Шумо ёфтанд, бо номи “Вазъи ислом дар зиндагии мардуми мо”.  

М.Ҳ. “Вазъи ислом дар…” (инҷо сухани Ҳаит шунида намешавад. Зоҳиран ӯ саволдиҳандаро ислоҳ мекунад)

Вакили дифоъ: Тарзи навиштани мақолаҳои шумо чӣ хел аст? Шумо мақолаҳоятонро яку якбора менависед, ё ки сиёҳнавис доред?

М.Ҳ.: Ман аслан мақолаҳоро дар компютер наменависам. Он моле, ки пайдо карданд, компютери аст ва касе ислоҳ кардаст. Ман мақола, изҳорот. баёния, ҳар чизе менависам бо даст менависам. Ва инҷо шоҳид Умедҷон Тошев ҳам нишондод дод, км Ҳаитов Маҳмадалӣ ҳеҷ гоҳ сари компютер нишаста худаш наменавишт. Ва ин мақоларо ман нанавиштам, моли ман нест. Моли ман нест ва инро ҳамроҳ кардаанд.

Вакили дифоъ: Ҳамин мақоларо шумо хондагӣ ҳастед?

М.Ҳ.: Ман зимни тафтишоти пешакӣ аз муфатиш Шодихон Ҳамидов борҳо хоҳиш кардам. ки мақоларо биёред ман бинам. Ҳатто рӯйхати китобҳоро. Протоколи кофтуковро. Вале протоколи кофтуковро ман пайдо кардам вале нусхаи мақолае, ки дар бораи ман ҳаст, дар парванда вуҷуд надорад. Ба ман нишон надоданд. Ба ман нишон надоданд, ки ин мақоларо кӣ ислоҳ кардаст ва кӣ омодаи чоп кардааст. Ман як чунин чизро омода накардам.

Вакили дифоъ: Савол барои он дода шуда буд, ки агар шумо хонда бошед, мумкин ҳамон ибораҳое, ки ба шумо….

Додрас: Мӯҳтарам адвокат! Ҳоҷат ба шарҳ нест. савол диҳед, ҷавоб гиред. Дар ҳар баромадатон барои ин барои он. Марҳамат.

Вакили дифоъ: Як саволи дигар пайдо шуд.

Додрас: Марҳамат.

Вакили дифоъ: Ба фикри шумо яку аз даҳ ду миллион доллар куҷо шуданд? Вақте, ки онҳо ба 1-ум ва 2-юми сентябр ба Назарзода тақдим карда шуда буд, онҳо куҷо шуданд?

М.Ҳ.: Аввал ин ки ин яку аз даҳ ду миллион доллар вуҷуд надорад. Ва дуввум агар он вуҷуд медошт, бояд ҳатман онҳое, ки амалиёт гузаронданд ва хонаҳои Назарзодаро кофтуков карданд, бояд ҳамчун далели шайъӣ пайдо мекарданд. Ва аз ҷумлаи он 199 нафаре. ки парванда кушода шудааст,дар ҳабс қарор дорад ва ҳамагӣ 27 нафараш гӯё узви Ҳизби наҳзат бошад, хуб аз хонаи онҳо пайдо мекарданд. Аз хонаи онҳо пайдо накарданд. Ва аз хонаи Назарзода ва онҳое, ки ҳамсабақу ҳамтабақу ҳамкори Назарзода буданд бояд пайдо мекарданд, вале чун ин яку аз даҳ ду миллион вуҷуд надошт, онро пайдо накарданд.

Вакили дифоъ: Дар ******* ******* (фаҳмида намешавад) оварда шудааст, ки шумо ба тариқи оммавӣ аъзои ҳизб ва аҳолиро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ даъват кардаед. Ба роҳи дар маҷлисҳо ва дар гирдиҳамоиҳо иштирок кардан бо роҳи чоп кардани мақолаҳо дар рӯзномаи “Наҷот”. Оё ин дуруст аст?

М.Ҳ.: Ин дуруст нест. Ман ягон бор даъват накардам ва тафтишоти пешакӣ ҳам далели қавие дар робита ба ин мавзӯъ пешниҳод накардааст. Ба ҷузъ як сӯҳбате, ки соли 2011 пас аз интихоботи 2010 ман бо кадом хабарнигоре анҷом додаам. Ки он ягон даъвати оммавӣ барои дигаргун сохтану барои экстремизму барои адовати диниву нажодиву мазҳабӣ ангехтан ягон зарра дар онҷо вуҷуд надорад.

Вакили дифоъ: Ҳамин шумо ягон ибораи мисолии ибораи даъвати оммавиро гуфта метавонед. ки чӣ хел аст? агар дар аввал оиди тағйир додани сохти конститутсионӣ, мисол, бо роҳи парламентӣ бошад, ё иваз кардани ягон қонун, иваз кардани ягон вазире, ки бемасъулият бошад, оё ин даъват бо роҳи зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ва тағйир додани сохти конститутсионӣ аст?

М.Ҳ.: На, ин тавр нест, вале мутаассифона дар кишвари мо алҳол касе, ки танқид мекунад, ҳамчун душман шинохта мешавад- душмани сарсахт ва дар пайгард қарор мегирад, маҳбас мешавад, азобу уқубат мебинад. вале онҳое. ки таърифу тавсиф мекунанд, фиреб мекунанд, онҳо ҷойгоҳу мақому манзалат пайдо мекунанд. Ин падида падидаи хуб нест.

Саволдиҳанда: Дар ҳоле, ки 24-уми августи 2015-ум сол аз тарафи иҷрочиҳои суди иқтисодии шаҳр бинои ҳизб маҳкам карда шуда буд ва ба шумо имконият дода шуда буд, ки аз онҷо либос мисол, ҳуҷҷат ва дигар чизҳои лозимаатонро гирифта баред. Агар дар мизи кории шумо ё дар мизи кории мӯҳтарам Ҳисайнов ҳамин нақшаҳо мавҷуд мебуд, шумо ҳамчун собиқ шахси низомӣ, онҳоро онҷо гузошта мерафтед?

Идома дорад


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>