Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Баёнияи поёнии конфронси Остона: таъкид ба идомаи гуфтугӯ

$
0
0

Конфронс Остона барои сулҳ дар Сурия пас аз ду рӯзи гуфтугӯҳо миёни мухолифон ва ҳайати давлати Сурия ва бо назорати Русия, Туркия ва Эрон рӯзи сешанбе баъд аз зӯҳр баёнияи поёнии худро содир кард.

Дар баёния омадааст, ки ҳайатҳои ширкаткунанда тавофуқ карданд, ки бино ба  гуфтугӯҳо дар ростои баёнияи муштараки вузарои хориҷаи худ дар Маскав дар таърихи 20 декабри 2016 ва қатъномаи 2336 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид раванди музокиротро думбол кунанд.

Ҳайатҳои муштарак аз музокирот миён давлати Сурия ва гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ дар шаҳри Остона, ки дар таърихи 23 ва 24 январ 2017, баргузор шуд, ҳимоят мекунанд.

Дар баёния аз ҳузури Де Мистура, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар умур Сурия қадрдонӣ ва ташаккур шуд.

Ҳайатҳои муштарак як бори дигар бар тааҳҳуди худ нисбат ба ҳокимият, истиқлол, ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия ба унвони кишвари демократӣ, чандқавмӣ, чандмазҳабӣ ва ғайрифирқаӣ, ки дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид низ маврид таъйид қарор гирифтааст, таъкид мекунанд.

Ҳайатҳои муштарак мӯътақиданд, ки бӯҳрони Сурия аз тариқи роҳкори низомӣ қобили ҳал нест ва танҳо аз тариқи сиёсӣ мубтанӣ бар иҷрои комили қатъномаи 2254 Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид метавонад ҳаллу фасл шавад.

Се кишвар — Русия, Туркия ва Эрон зимни иттихози иқдомоти воқеӣ ба дунболи таҳким ва тасбити оташбаси ҳосилшуда бар асоси тартиботи имзошуда дар таърихи 29 декабри 2016, ки дар қатъномаи 2336-и Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид мавриди ҳимоят қарор гирифтааст, кӯмак ба ҳадди ақал расондани маоридҳои нақзи оташбас, коҳиши хушунатҳо, эътимодсозӣ, кафолати дастрасии кӯмакҳои башардӯстона бидуни ҳеҷгуна монеъае дар ростои қатънома 2165-и ША СММ ва ҳифозат аз ҳаракати озодонаи ғайринизомиён дар Сурия хоҳанд буд;

барои эҷоди роҳкори сеҷониба бо ҳадафи назорат ва тазмини пойбандӣ ба оташбас, мамониъат аз зуҳури ҳар гуна иқдоми таҳрикомез ва таъйини шароити оташбас тасмим гирифтанд;

се кишвар — Туркия, Русия ва Эрон бори дигар ба муборизаи муштарак алайҳи ДОИШ ва Ҷабҳат-ун-нусра ва ҷудосозии гурӯҳҳои муъоризи мусаллаҳ аз онҳо таъкид карданд ва мӯътақиданд, ки зарурат барои суръат бахшидан ба талошҳо ҷиҳати эҳёи музокирот, мутобиқ бо қатъномаи 2254-и Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, вуҷуд дорад;

таъкид доранд, ки нишасти байналмилалии Сурия дар Остона гоми муассир барои гуфтугӯҳои мустақим миёни давлат ва муъоризин, ҳамон тавр, ки дар қатъномаи 2254-и ША СММ омадааст, мебошад;

аз тамоюли гурӯҳҳои муъоризи мусаллаҳ барои мушорикат дар даври ояндаи музокирот миёни давлат ва мухолифони сурӣ таҳти назорати СММ дар Женева дар таърихи 8 феврали 2017 ҳимоят мекунанд;

баргузоркунандагони конфронс аз тамоми аъзои ҷомеаи байналмилали мехоҳанд аз ин иқдоми сиёсӣ ҳимоят кунанд.

Ширкаткунандагони конфронс дар баёнияи поёнӣ аз раисҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев ва кишвари Қазоқистон ба хотири мизбонӣ аз нишасти байналмилалии Сурия дар шаҳри Остона қадрдонӣ карданд.

Аз сӯи дигар мухолифони сурӣ бо баёни ин, ки баёния танҳо дидгоҳи се кишвар — Русия, Туркия ва Эронро баён кардааст эълом карданд, ки нисбат ба натоиҷ ва дастовардҳои конфронс ва баёнияи поёнии он бо эҳтиёт бархӯрд хоҳанд кард.

Муҳаммад Алуш, раиси ҳайати мухолифони сурӣ дар конфронси Остона гуфт: “мухолифони сурӣ бо додани ҳар гуна нақше ба Эрон дар гуфтугӯҳо ё музокироти оянда ба шиддат мухолифанд».

Авуш таъкид кард, ки мухолифони сурӣ аз роҳҳали сиёсӣ бо назорати Созмони милали муттаҳид дар Женева бо ҳадафи поён додан ба ҳукумати Башшор Асад, пуштибонӣ мекунанд.

Алуш гуфт ба Русия пешниҳоди оташбаси доимӣ дар Сурияро додааст “ва қарор аст Маскав ҳафтаи оянда ба ӯ ба сурати муфассал ҷавоб диҳад».

Алуш афзуд: “Русҳо дигар аз ифои нақши ҷангҷӯи ҳомии Асад алайҳи мухолифони сури хориҷ ва ба ифои нақши зомини оташбас рӯй овардаанд.”


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>