“Незавиcимая газета” бо интишори як хабар гуфтааст, ки Тоҷикистон дар роҳи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чандон талош намеварзад ва дар ин ҷода ҳанӯз саросема ҳам нест.
Рӯзномаи мазкур бидуни бурдани номе аз як соҳибмансаби тоҷик, ки дар Дастгоҳи раёсатҷумҳури Тоҷикистон ифои вазифа менамояд, овардааст, Эмомалӣ Раҳмон барои узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дастуре надодааст ва “Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодӣ эҳтимол на имсол ва на соли оянда шомил нахоҳад шуд”. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар ин робита тасмими ниҳоиро раисҷумҳур хоҳад гирифт ва як ишораи ӯ кофӣ аст, ки Тоҷикистон дар ин самт ҳаракати худро тезонад.
Ёдовар мешавем, ки 4-уми июли соли ҷорӣ Леонид Слутский, раиси кумитаи умури Иттиҳодияи давлатҳои мустақили парлумони Русия изҳор карда буд, ки “Тоҷикистон барои дарёфти узвияти Иттиҳоди иқтисодӣ назар ба кишварҳои дигар бештар талош мекунад”.
Аммо манбаи “Независимая газета” дар Дастгоҳи раёсатҷумҳури Тоҷикистон мӯътақид аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба мустақилияти кишвараш халал ворид месозад. Вай далел овардааст, ки таҷрибаи Қирғизистон ва Арманистон нишон медиҳад, ки дар сурати пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодӣ қисмате аз ҳокимияти сиёсӣ ва иқтисодӣ ба дасти Маскав хоҳад гузашт.
Аммо коршиносони соҳа мегӯянд, истиқлоли Тоҷикистон рӯи коғаз аст ва аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ вассали Маскав мебошад. Онҳо далел меоранд, ки худ армияи бисёрҳазорнафараи муҳоҷирони кории ин кишвар дар Руссия ва пойбандии зиндагии мардум ба пули фиристодаи муҳоҷирон ҳокӣ бар он аст, ки Кремл вақти зарурат метавонад ба Душанбе фишор оварад ва ба хостаҳои худ ноил гардад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чаҳор кишвари собиқ Шӯравиро фаро мегирад ва Руссия, Қазоқистон ва Арманистону Қирғизистон ба он шомил мебошанд.