Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сухангӯи ҲХДТ: Агар Тоҷикистон озод намебуд, Амрикову Чину Аврупо кӯмак намекарданд

$
0
0

Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократӣ гузориши “Фридом Ҳаус”-ро дар мавриди Тоҷикистон бепоя хонда, гуфтааст “агар ин гузориш воқеъият медошт, Амрико, Чин, Ҷопон ва кишварҳои аврупоӣ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон  густариш дода, кӯмаки молӣ намерасонданд”.

Созмони “Freedom House” дар як гузоришаш таҳти унвони “Озодӣ дар ҷаҳон -2017” имрӯз расонаӣ шуд, Тоҷикистонро дар феҳрасти 67 кишваре ворид кардааст, ки вазъи озодӣ дар онҳо соли гузашта бадтар шудааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон дар рӯйхати 49 кишвари ғайриозод шомил шудааст.  Ҷузъ Тоҷикистон ба ин рӯйхат Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва Эрону Афғонистону Русия ҳам ворид шудаанд.

Маҳдудтар шудани ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ, маҳви комили садои мухолифон, расонаҳои мухолифон, расонаҳои мустақил, хомӯш кардани ҷомеаи маданӣ, раъйпурсие, ки роҳи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳукумати номаҳдуд дар кишвар боз кард ва поин овардани синни номзад ба мақоми президент барои ҷойгузини Раҳмон кардани писараш Рустам аз маҳдудиятҳои озодӣ дар Тоҷикистон дар соли гузашта хонда шудааст.

Аммо Усмон Солеҳ гуфтааст:   «ба назари ман, шаҳрвандон дар баёни андешаҳои гуногун ҳеч мушкил надоранд. Яъне, иддаои “Фридом Ҳаус” дар бораи кишвари ғайриозод будани Тоҷикистон воқеъият надорад. Ба наздикӣ ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор шуд. Ҳудуди 3 ҳазор ҳизбу созмон ва ҷамъиятҳо дар ин шӯро узвият дошта ва ҳар моҳ ҷаласаҳои худро баргузор мекунанд. Фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои аъзои ин ниҳод ба ҳукумат ирсол шуда ва ҳукумат ба ҳангоми гирифтани тасмим, аз ҷумла, такмилу таҳрири санадҳои ҳуқуқӣ? онҳоро ба эътибор мегирад.»


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>