Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

ДОИШ масъулияти ҳамла ба меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобулро ба ӯҳда гирифт

$
0
0

Як каналтелеграми мутааллиқ ба гурӯҳи ДОИШ иддао кард, ки ҳамлаи мусаллаҳона бар меҳмонхонаи шаҳрвандони чинӣ дар Кобул тавассути ин гурӯҳ анҷом шудааст. 

Мардони мусаллаҳ рӯзи душанбе ба ин меҳмонхона дар шаҳри нави Кобул ҳамла карданд. Аз ин ҳамла 3 кушта ва 18 захмӣ ба ин шифохона бурда шудаанд. 

Забеҳуллоҳ муҷоҳид дар твиттер навишт, ки ду шаҳрванди хориҷие, ки аз панҷара парида буданд, захмӣ шудаанд. Ў ҳеҷ ишорае ба талафоти ҷонии ин рӯйдод накард. 

Ин ҳодиса як рӯз пас аз он сурат мегирад, ки муовини вазорати хориҷаи Толибон ба сафири Чин нисбат ба афзоиши тадобири амниятӣ барои сафоратхонаи ин кишвар дар Кобул итминон дода буд. 

Мақомотм Толибон борҳо иброз кардаанд, ки ДОИШ як таҳдиди амниятӣ дар Афғонистон нест, аммо ба назар меояд, ки ДОИШ бо ҳамалоти паймҳам ба сафоратхонаҳо ва шаҳрвандони кишварҳое, ки равобити наздики сиёсӣ бо Толибон доранд, мехоҳад ин иддаои Толибонро зери савол бибарад.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>