Парвозҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 20 феврал оғоз хоҳанд шуд. Аввалин парвозро дар ин самт ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” иҷро мекунад.
Маркази матбуотии ин ширкат иттило додааст, ки раҳбарияти “Сомон эйр” то он замон бо мақомоти фурӯдгоҳи Тошканд ва ширкати ҳавопаймоии “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ” масоили ҷории техникиро баррасӣ ва ҳал хоҳанд кард.
Аммо қаблан аз ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ”, ки тибқи шартнома бояд парвозҳоро аз ҷониби Ӯзбекистон анҷом диҳад, гуфта буданд, ки ҳанӯз аз ниҳоӣ шудани созишнома хабар надоранд.
То анҷоми мавсими зимистона “Сомон эйр” ҳафтаи 1 маротиба — рӯзҳои душанбе ва сар аз оғози мавсими тобистона ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе парвоз анҷом хоҳад дод.
Тӯли парвоз аз Душанбе ба Тошканд 45 дақиқа аст.