Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Сохтмони НБО «Роғун»саривақтӣ иҷро мешавад?

$
0
0

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо Пиетро Салини, роҳбари ширкати «Салини Импреҷило», ки сохтмони НБО “Роғун”-ро ба уҳда гирифтааст мулоқот анҷом дод.

Дар ин бора дирӯз 31.01. 2017  пойгоҳи хабарии дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон хабар нашр кард.

Бино ба манбаъ дар ин дидор таъкид шудааст, ки баҳрабардории бамавқеъ аз ду турбинаи нахусти ин неругоҳ дар солҳои 2018 ва 2019 метавонад заминаи раҳоии Тоҷикистон аз буҳрони камбуди барқ дар фасли сарморо фароҳам кунад.

Ҷонибҳо доир ба сатҳу сифати корҳо ва рафти маблағгузории сохтмони иншооти муҳими гидроэнергетикӣ табодули афкор карда, таъмини иҷрои саривақтии нақшаи корҳои лоиҳавӣ ва масъалаҳои вобаста ба молия ва сармоягузориро аз омилҳои асосии пешравии кор дар сохтмони сарбанди неругоҳ арзёбӣ намуданд.

jamshed Karimzoda

Ҷамшед Каримзода

Аммо чанд рӯз қабл Ҷамшед Каримзода муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки имсол барои идомаи сохти ин неругоҳ як миллиарду 700 миллион сомонӣ аз буҷа ҷудо хоҳад шуд, ки 200 миллион сомонӣ камтар аз соли 2016 аст. Ин дар ҳолест, ки қурби сомонӣ бар доллар нисбат ба соли гузашта хеле футур кардааст. Вале Каримзода сабаби кам ҷудо шудани маблағ нисбат ба соли гузаштаро “тибқи нақша ва ниёзҳои сохтмони нерӯгоҳ” унвон кард. Ин гуфтаи вазир аз он дарак медиҳад, ки нисбт ба соли гузашта имсол ба сохтмони нерӯгоҳ  маблағи камтар харҷ мешавад. Вале суоли матраҳ инҷост, ки чигуна сохтмоне, ки бояд  дар чандин соли дигар сохташуда ба истифода дода шавад ва роҳбари кишвар барои тезонидани кор ва сари вақт ба истифода додани он бо роҳбари ширкати сохтмонии Salini Impregilo вохурӣ анҷом додааст, ниёз ба маблағ имсол аз соли гузашта камтар будааст.

Пиетро Салини

Ширкати италиёвии Salini Impregilo соли гузашта дар як музоядаи байналмилалии такмили тарҳи неругоҳи Роғун баранда шуд ва сохти ин неругоҳро бар уҳда гирифт.

 

 

 

Сохтумони неругоҳи барқи обии Роғун дар 110-километрии шарқи шаҳри Душанбе аз 41 соли пеш дар замони Иттиҳоди Шуравӣ оғоз шуд ва пас аз истиқлоли Тоҷикистон, ба иллати мухолифатҳои Узбекистон ва камбуди сармоя нотамом монд. Ин неругоҳ бо 6 турбина ҳар як бо тавони тавлиди 600 мегаватт барқ ва садди 335-метри бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>