Ҳамсари Руҳуллоҳ Тиллозода бо ҳамроҳи фарзанди чаҳор моҳааш дар идораи Кумитаи амнияти ш.Душанбе қарор дорад.
Тибқи иттилоъе, ки ба ПАЁМ.нет расид субҳи рӯзи ҷумъа ҳамсари Руҳуллоҳ Тиллозода — Зайниддинова Миҷгона ҳамроҳи фарзанди чаҳормоҳа ба идораи Кумитаи амнияти шаҳри Душанбе даъват шудааст ва беш аз 3 соат аст ки дар онҷо қарор дорад.
Қобили зикр аст ки ҳамсари Руҳуллоҳ Тиллозодаро пештар ҳам беш аз 10 бор ба идораҳои пулис ва амният барои бозпурсӣ даъват карда буданд. Эҳтимол меравад хонум Зайниддинова Миҷгона барои фаъолиятҳои сиёсии ҳамсараш дар хориҷ ва ширкат дар эътирозҳо барои ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ ва вакилони зиндонӣ ба идораи Кумитаи амният барои бозпурсӣ даъват карда бошанд. Рӯзи 25 август ҷамъе аз мухолифини сиёсии ҳукумати Раҳмонов дар муқобили мақарри Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Бонни Олмон барои раҳоии зиндониёни сиёсӣ ва манъи шиканҷаю озори онҳо тазоҳурот барпо карданд ва арзу шикоятҳои худро ба мақомоти СММ расониданд .
Ҳамсар ва фарзандони Руҳуллоҳ Тилозода ҳаққи хориҷ шудан аз кишвар ва манзилашонро надоранд. Ҳатто барои боздид аз бобои Руҳуллоҳ ҳам, ки дар 10 километрии онҳо зиндагӣ мекунад, иҷоза надоранд ва таҳти боздошти хонагӣ қарор доранд .
Руҳуллоҳ Тиллозода фарзанди бузурги Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мебошад ва аз сӯи нерӯҳои амниятии кишвар таҳти пайгард қарор дорад. Ҳамсару фарзандонаш ҳамчун асири нерӯҳои амниятӣ нигоҳ дошта мешаванд ва аз онҳо ба унвони аҳроми фишор истифода мекунанд .
Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.