Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Шаҳрвандони 7 кишвари манъшуда аз амрикоиҳо таҳсилкардатаранд

$
0
0

Коршиносони амрикоӣ мегӯянд Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мавриди шаҳрвандони 7 кишвари манъшуда беш аз ҳад эҳтиёт кардааст, зеро бар асоси таҳқиқе, ки рӯзномаи амрикоии Ню-Йорк Таймз мунташир карда, фарзандони ин афрод дар заминаи таҳсилот ва мавориди дигар аз амрикоиён пештозтар ҳастанд.

Дар иртибот бо тасмими Трамп барои манъи сафар ба Амрико, ҳудуди 2 дарсади амрикоиён аз мабдои хориҷӣ ҳастанд, аммо бо вуҷуди ин дарсади кам, ин афрод машоғиле монанди муҳандис, мударрис ва пизишк доранд.

Бар асоси таҳқиқи Ню-Йорк Таймз, мутавассити таҳсил дар миёни атбоъи Сурия ва Судон болотар аз мутавассити таҳсил дар Амрикост, ва таҳсилоти эрониҳо ва либиёиҳо аз тамоми амрикоиён болотар аст.

Аз соли 2000-ум шумори паноҳандагони ироқӣ, сомалӣ ва судонӣ дар Амрико афзоиш ёфтааст, дар ҳоле ки паноҳандагони эронӣ бештар қабл аз соли 1990 ворид ИМА шудаанд. Шумори муҳоҷирон аз 7 кишвари манъшуда дар Амрика беш аз 800 ҳазор нафар аст, ки аз соли 2001 то кунун фақат 3 нафар аз ин миён даст ба аъмоли хушунатомез задаанд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>