Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Белоруссия тасмим гирифтааст аз СПАД ва ИИАврОсиё хориҷ шавад

$
0
0

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус барои баромадан аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё тайёрӣ мебинад. Ин тасмимро ВАО иқтисодӣ унвон кардаанд.

Тибқи иттилои хабаргузории “Regnum”, Белорус тасими гирифтааст роҳи Украинаро пеш гирад ва ба истиқлоли комил бирасад. Белорус метавонад на танҳо СПАД ва ИИАврОсиё, балки Давлати иттиҳодиро ҳам, ки бо Русия таъсис додааст, тарк кунад. Қаблан қарор буд ба ДИ Украинаро ҳам шомил кунанд, вале он кишвар қабул накард.

“Regnum” гуфтааст Маскав изҳороти баланде дар ин мавзӯъ нахоҳад кард, аммо дар гумон аст, ки ин гом ба фоидаи мардуми Белорус бошад. “Московский комсомолетс” аз забони манбааш ҳушдор додааст, ки СПАД-ро тарк кардани Украина бар хилофи хоҳиши мардумаш ин шуд, ки ҳукумат дар онҷо тағйир кард.

ИИАврОсиёро тарк кардани Белорус дар ҳолест, ки Маскав талош мекунад Тоҷикистонро шомили ин иттиҳод кунад. Мақомоти Тоҷикистон пайваста таъкид мекунанд, ки аввал бояд ин масъала ҳаматарафа омӯхта шавад.  

Дар ҳамин ҳол раҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников фармон додааст дар байни Русияву Белорус назорати сарҳадӣ барқарор карда шавад. Ин фармон билофосила иҷро ва сарҳадбонон ба назорати сарзҳадӣ дар гузаргоҳҳои байни ду давалат оғоз кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Белорус бо пахши як изҳорот гуфтааст, Русия назорати сарҳадро бидуни огоҳ кардани ин кишвар оғоз кардааст.    

 

 

 

 


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>