Раисҷумҳури феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар интихоботи президентии ин кишвар, ки дирӯз санаи 12 уми феврал баргузор шуд бо гирифтани 97.69 фоиз орои мардум барандаи интихобот ва дигарбора раиси ҷумҳур интихоб шудааст.
Мувофиқи қонунгузории Туркманистон чанд бор такроран як нафар ба курсии президентӣ интихоб шуданаш муаян карда нашудааст ва номаҳдуд мебошад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2006 баъди вафоти Сафармурод Ниёзов раисҷумҳури ин кишвар мебошад. Сафармурод Ниёзов, худ аз соли 1990 то замони маргаш, раисҷумҳури ин кишвар буд.
Созмонҳои ҳуқуқӣ ва нозирони байналмилалӣ ҳеҷ як аз интихоботҳои баргузоршуда дар Туркманистонро шаффоф ва демократӣ унвон накардаанд.
Ҳамин тавр дар кишварҳои Осиёи Миёна гуё сандуқҳои интихоботӣ ба сандуқҳои муҷизавӣ табдил шуда ҳатто шахсони вафотёфта арвоҳашон барои иштирок дар интихобот назди сандуқи раъйдиҳӣ меоянд ва нафарони дар сафари хориҷабуда яку якбора бол бароварда маҳз барои раъй додан дар интихобот суи кишварашон парвоз мекунанд. Ҳар як варақи ба дохили сандуқи раъйдиҳӣ афтода ҳамоно ҳомиладор шуда дарҳол то вақти шуморидани бюлетенҳо расидан, сегонику чоргоник таваллуд мекунанд.
Инаст, ки президентони феълии кишварҳои Осиёи Миёна ҳамеша бо орои зиёда аз 90 фоиз барандаи интихобот мешаванд ва то марг ва ё инқилоби мардумӣ онҳоро аз курсии президентӣ ҷудо накунад, аз тахти президентӣ ба ҳеҷ ваҷҳ намефароянд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Туркманистон чаҳорумин кишвар аз назари захираи гази табиӣ дар ҷаҳон аст. Ин кишвар тақрибан ба таври комил ба содироти ин манбаи энержӣ вобаста аст. Шаҳрвандони 5 млн нафараи Туркманистон хеле кам ба муҳоҷирати корӣ ба берун аз кишварашон мераванд. Тараққиёту пешрафти иқтисодиёти кишвар назаррас мебошад.
Аммо бино ба маълумотҳо ба хотири набудани фазои озоди демократӣ, тазйиқу фишори мақомдорон болои мардуми оддӣ, руз ба руз, беш аз пеш сафи мардуми норизо аз сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро зиёд мегардонад.