Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Ҳамовозӣ бо модари Абдуқаҳҳори Давлат

$
0
0

Фарорасии фасли баҳор ва зиндашавии табиат ба инсонҳо ҳам хусусиятҳои хосе дорад.

Дар ин рӯзҳои офтобӣ баъд аз сардиҳо, боронҳои чонбахш ва рӯзҳои дароз таҳаввулоте дар ҷисми инсон ва зиндагии коинот ба вуҷуд меояд ва ба ҳамин хотир ин фаслро «зиндашавии табиат» ном мебаранд. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ номаи модари дилреши Абдуқаҳҳори Давлатро хонда қалбам абрнок ва чашмам боронӣ гашт.

Имшаб борон бе садо ва ором меборид, мисле, ки гиряи бесадои модарони дар фироқи фарзанд бо ҳам омада бошанд ва дардашонро бо ҳам меноланд. Русуми модарона Мардуми таҳҷоӣ ва куҳистон одате қадимӣ ва хубе доранд, чун баҳор фаро мерасад, занҳои калонсол таъоме ва ё ҳадяе гирифта ба хонаи нафароне мерафтанд, ки мусибатзада ҳастанд ва қалби ғамнок ва ҳиҷрон доранд. Дарду алами мусибатзада дар баҳор тоза мегардад ва аламҳояш ҳам даҳчанд меафзоянд.

Бо расидани баҳор захми қалби ин модар аз нав сар зад ва дардашро бо навиштани нома ба ҷомеа ва масъулин расонид. Вай умед дорад, ки парвандаи фарзанди бегуноҳаш аз нав баррасӣ карда мешавад. Ӯ бовар дорад, ки ҷомеъа ва ҳокимон низ аз хоби зимистона бедор гаштаанду нолаи ӯро мешунаванд. Ин бонуи Тоҷик ҳанӯз ҳам эътимод дорад, ки умедҳо дар дили ҳаммилатону ҳокимони кишварамор намурдааст. Умеду эътимоди модарона Ин модари ҷигархун ба он бовар аст, ки бо рангу либос табдил кардани табиъат аҳли ҷомеаъ низ сукуташонро мешиканад ва тамоми рангҳои дунёро аз ҳам фарқ мекунанд. Вай зан-модар аст, умед дорад, ки модарон бо нолаи ӯ ҳамовоз мешаванд. Модар метавонад!!! Умедаш намурдааст!!!!

Ӯ мутмаин аст ва бо виқор мегӯяд, ки фарзандаш бе гуноҳ аст. Ӯ медонад, ки фарзандаш ҷуз некномӣ ва ободкорӣ коре анҷом надодааст. Модар дард мекашад, саволҳое ӯро ором намегузорад. Ӯро суолҳое зиёде нороҳат мекунанд, виҷдонашро азоб медиҳанд. Чаро фарзанди фарзонааш ва бо тарбияву бо ахлоқаш, пойбанди ибодат ва тақвояш ба чунин иттиҳомоти беасосе муттаҳам шудааст?

Магар хушахлоқиву эҳтиром доштан байни мардум ва ҷомеъа гуноҳ аст? Чаро ман бояд барои фарзанди бе озору босавод, соҳибандешаву солимфикрам дарди ҳиҷрон кашам? Чаро? Магар фарзанди ман гунаҳкор аст? Агар аз нигоҳи шумо гунаҳкор аст, пас чаро парвандаашро ошкор ва дар доираи қонун намебинед, то мани модари зор гуноҳашро донам, ки фарзанди ман чунин хатову иштибоҳ ва ё ҷурмеро муртакиб шудааст?

Эътирофоти модарона Мо мегӯем, ва бояд ҳам ҳам ману ҳам Шумо эътироф кунем, ки фарзанди Шумо ва дигар ҳамсафонаш гуноҳе надоранд, гуноҳашон ин буд, ки ба Қонун бовар доштанд. Гуноҳашон ин буд, ки ба аҳди бастаашон ва сулҳи кардаашон пойбанд буданд. Гуноҳашон ин буд, ки дилашон ба ин марзу бум ва миллат месӯхт. Гуноҳашон ин буд, ки дар баробари ҳама туҳматҳо сабр доштанд, барои оне, ки ин мардум дигарбора ба хоку хун кашида нашавад. То ҷое, ки пасттарин амале, яъне даст задан ба ҳарими хонаводагӣ ва сиёҳ кардани чеҳраҳои мардумӣ ва кашидани миллат ба шабакаҳои иҷтимоӣ!

Онҳо интизор доштанд, ки кори хайре анҷом медиҳанд. Гирифтани моликият ва дороӣ ин ҳама натавонист инҳоро ба анҷоми коре ва амали ношоистае водор кунад. Пас худашон ҷиноёте анҷом доданд ва гуфтанд: «шумо забони моро намедонед ва моро нашинохтед мо худамон ҷиноят мекунем ва шуморо гунаҳкор эълон мекунем!» Инаст ,ки ҳар руз яке паи дигаре дар зиндонҳо мемиранд ва модарон намедонанд ба кадом айб ва гуноҳ инҳо кушта мешаванд.

Ҳама медонанд, аз масъулин то мардуми оддӣ ҳама эътироф доранд, ки онҳо бегуноҳанд, аммо қисме аз тарсу ҳарос ва қисме дигар ҳам аз кинаву ҳасад дар ин бора лаб намекӯшоянд!!! Ин модар бовар дорад ки фарзандаш бегуноҳ аст. Вай умед дорад ҳанӯз адолат зинда асту инсоф ҳамдафн нашудааст ва қалби миллат ба санг табдил на гаштааст. Нидои модарона Нидои ин модар ба миллат аст!!!

Нидои ин модар ба зан, ба синнаи меҳру муҳаббат аст! Нидои ин модар ба ҷомеъа ва зиёиён аст! Номаи ин зан, ин фаришта ба ҳукумат аст! Модарон метавонанд! Ба ҷои хулоса Ман ҳамчун модар ба модари ҷигархуни Абдуқаҳҳори Давлат, хонум Қурбонгул Давлатова, ҳамовозӣ намуда, аз тамоми ниҳодҳои давлатии ҳомии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Ҷомеа шаҳрвандӣ даъват мекунам, ин номаро ба инобат гирандд. Ва дар ин фасли баҳор ва омадани аруси сол, инсоният бедор шавад.

Аз тамоми модарон, аз ҷумла: Озодаи Раҳмон, Хайруннисо Юсуфӣ, Мағфират Хидирррова Гулрухсори Сафи Адолати Мирзо Файзиннисо Воҳидова Ойниҳол Бобоназарова ва кулли модарони тоҷик даъват менамоям ба модароне мисли модари Абдуқоҳҳори Давлат, модари Қиёмиддини Аваз, модари Бузургмеҳр Ёров ва дигар маҳбусони бегуноҳи сиёси ҳамовоз шаванд! Модар, модарро дарк мекунад, ҳамовоз шавем дар ин фасли шукӯфтанҳо ба қалби модарон ва ҳамиҷинсони худамон ва ба дардашон дармон . Бо умеди қалбҳои бедори модарони Тоҷик!!

 

Мунисаи Солеҳ.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>