Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби як Қарор қимати нерӯи барқрор дар кишвар боло бурда, эътироф кардааст, ки бузургтарин корхонаи давлатии Тоҷикистон ширкати «ТАЛКО» бебизоъат шудааст.
Бар асоси ин Қарори ҷадиди ҳукумат 1кВт нерӯи барқ 0.07,20—сомонӣ барои КВД ширкати алюминийи Тоҷик «ТАЛКО» ва 1кВт нерӯи барқ 0.14,60—сомонӣ барои сокинон—мардум муқаррар кардааст.
Афзун бар он, ҳукумат аз ширкати «Барқи Тоҷик» талаб кардааст, ки бар асоси ин нархнома тамоми истифодабарандагони нерӯи барқро қарздор ва дар назди ин ширкат ба пурра напардохтани ҳаққи нерӯи барқи истифода шуда муттаҳам кунад ва аз ҷайби онҳо ин пулҳои «зиёдатӣ»-и гуфтаашро ситонида бигиранд.
Барқи Тоҷик—Ғори бетаг, дақиқан ҳамон корхонаест, ки ҳам худаш бо дуздиву ғоратгарӣ дар байни мардум ном баровардаасту ҳам муъзами кормандонаш, ба ҳар андозае, ки пулҳои ҷамъ кардаашонро дар ҷайби чапи Олила мерезанд, хазинаи корхона ба ҳамон андоза муфлистар мешаваду бойтар не. Ба ин хотир ин корхона ҳам дар арафаи расман Оилавӣ шудан аст.
Ҳукумати Тоҷикистон ахиран бо интишори феҳристи камбизоатҳои кишвар, ки бар иловаи сокинону шаҳрвандон ширкатҳо ва корхонаҳои давлатиро низ дар он феҳрист зикр кардааст, дар байни онҳо Корхонаи Воҳиди Давлатии ширкати алюминийи Тоҷик «ТАЛКО»—ро камбағалтарин корхонаҳои ватанӣ эътироф кардааст.
Ба қавли ҳукуматдорони кишвар яке аз омилҳои аслӣ ва сабабҳои асосии камбуди буҷаи давлат ва зараррасон шудани ширкати «ТАЛКО» дар он аст, ки кулли даромади софу нософ, лойолӯду гилолӯдаи беноми давлат, вале ба кисаи Оила мераванд, мебошад. Ба ҳамин хотир ин ширкат дар садри корхонаҳои бебизоъати кишвар сабт шудааст.
Ба эътирофи худи ҳукуматдорон ширкати «ТАЛКО», ки ҳамагӣ се моҳ пеш муъзами дегҳояш аз бебарқӣ корношояму расман дар замин ба зону задааст, ҳанӯз чанд сол қабл «муфлис» шуда буд. Ширкати «ТАЛКО» чанд сол пеш аз мардуми бебизоати кишвар ҳам худнокифотар шуда буд, вале ба хотири хокпошӣ ба чашми мардум ҳама хомӯш аст.
Биноан, дар вақти фурӯши нерӯи барқ бо нархи арзонтарин ва ҳатто беш аз 100 фисад арзонтар ин маҳсули ватаниро ба ин корхонаи даромадаш сирф Оилавӣ, арзонтар мефурӯшанд!