Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Гушнаем, гушна… Ё азоби ронандагоне, ки Рустами Эмомалии “сер” ба Истамбул фиристодааст

$
0
0

53 ронандаи мусофирбар, ки барои бурдани мусофирбарҳо аз тарафи ҳукумати шаҳри Душанбе ба Истамбул фиристода шудаанд, 12 рӯз аст, ки нимгурусна зиндагӣ мекунанд ва касе аз ҳолашон хабар намегирад.

Ин ронандагонро ҳукумати шаҳри Душанбе бо ин ваъда, ки ҳар ки ҳар нафари мусофирбарро аз Туркия ба Тоҷикистон оварда, минбаъд ронандаи он хоҳад шуд, ба Истамбул фиристодаанд. Гурӯҳи аввали ронандагон, ки 33 нафар будаанд, аллакай 12 рӯз ва гурӯҳи дуввум 9 рӯз дар меҳмонхонаи “Буюк Париж”и Истамбул (яке аз арзонтарин меҳмононаҳои Истамбул, ки бештар тоҷикон онҷо мераванд) зиндагӣ мекунанд ва то ҳанӯз касе аз онҳо намедонад, ки кай мусофирбарҳо омода хоҳанд шуд.

Аз сӯҳбат бо ин ронандагон маълум шуд, ки онҳо на танҳо дар меҳмонхона аз ҳисоби худашон зиндагӣ мекунанд, балки роҳкирои омадан аз Душанбе ба Истамбулро ҳам худашон пардохт кардаанд. Ба гуфтаи яке аз ронандагон, масъулине, ки онҳоро овардаанду гӯё ба даводави харидани автобусҳо машғуланд, ҳар рӯз баҳонаеро пеш меоранд.

Вале баҳонаҳои масъулин (ҳарчанд ба назар мерасид ронандагон ба он бовар кардаанд) ба назари мо тамоман ғайримантиқӣ ва бофта намуд. Яке аз ронандагон гуфт, ки дар Душанбе ба онҳо гуфтаанд, мусофирбарҳо омода ҳастанд ва танҳо оварданаш мондааст. “Баъди ду рӯзи истироҳат дар Истамбул ба автобусҳо савор шуда ба Душанбе бармегардед”, ваъда додаанд дар ҳукумати Душанбешаҳр. Вале баъди чаҳор рӯзи истиқомат дар меҳмонона аз ҳисоби худашон, вақте ронандагон аз масъулин сабаби тӯлкашии сафарро пурсидаанд, онҳо посух додаанд, ки гӯё пули гузарондаи ҳукумати Душанбе ба кадом сабабе ҳанӯз нарасидааст.

Баъдан гуфтаанд, ки туркҳо пули наҳд талаб кардаанд. Боз баъди ду рӯз ин баҳонаро пеш овардаанд, ки “туркҳо доллар қабул накарданд ва мегӯянд, ки ба мо пули туркӣ биёваред”. Дар охир гуфтаанд, ки туркҳо ба мо мусофирбарҳои нӯҳметрӣ пешниҳод карданд, вале мо 12 метрӣ мехоҳем.

Ба назар мерасад Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ронандагони мусофирбарро бидани ин ки шартнома ниҳоӣ шавад ба Туркия фиристодааст. Аз баҳонаҳои ғайримантиқии масъулин мешавад хулоса кард, ки ронандагон замоне ба туркия фиристода шудаанд, ки ҳанӯз бандҳои шартнома аз тарафи ҳукумати писари раисҷумҳур иқро нагашта, маълум набудааст, ки кай ва кадом автобусҳо ба Душанбе бурда мешаванд.

Қаблан ҳукумати шаҳри Душанбе гаштугузори мусофирбарҳои хурд, аз қабили “Старекс”-у “Газел”-ҳоро дар маркази шаҳр манъ карда, ваъда карда буд, ки ба зудӣ ба ҷои Сатарексҳо мусофирбарҳои бузург ба роҳ хоҳанд афтод. Як ронандаи мусофирбар, ки дар назди меҳмонхонаи “Буюк Париж” сари хам менишаст ба хабарнигори “Паём” гуфт “гушнаем, ака, гушна”. Маълум шуд дар меҳмонхона ба ивази 20 долларе, ки барои як шабонарӯз мусофирон пардохт мекунанд, танҳо субҳона ва хӯроки нисфирӯзӣ медодаанд. Бегоҳ барои сарфаи пул ронандагон гурусна мехобидаанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки ба шаҳрдори ноӯҳдабарои Душанбе, Рустами Эмомалии “сер” (таъбири падараш: ту гушна нестӣ) кӣ ҳақ додааст, ки беш аз 50 одамро ҳаволаи тақдир намуда, ба гуруснагӣ мубтало кунад?


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>