Умед меравад, пойтахти Финландия соҳиби масҷиди бузург хоҳад шуд. Худи финҳо онро гигант-масҷид ном бурдаанд. Гуфта мешавад, маблағ барои марҳалаи аввали сохтмон аз буҷаи давлат нахоҳад буд, чун хонаводаи шоҳигарии Баҳрайн ваъда кардааст, дар оғози корҳои сохтмонии масҷид маблағгузорӣ хоҳад кард.
Маблағи умумии сохтмон шояд ба садҳо миллион евро баробар шавад.
Департаменти амволи ғайриманқули Ҳелсинки чанд гузинаи минтақаи сохтмони масҷиди ояндаро омӯхтааст ва ба зудӣ ҷои сохтмони он ниҳоӣ хоҳад шуд. Майдони умумии масҷид 18 ҳазор метри мураббаъ шумориш шудааст.
Тибқи пурсишҳои анҷомшуда, аксари сокинони пойтахт барои сохтмони ин масҷиди бузуг зид нестанд.
Чанд соли охир дар Аврупо сохтмони масоҷид ба таври бесобиқа афзудааст. Намунаҳои ба масҷид табдил шудани ибодатгоҳҳои масеҳӣ низ кам нестанд. Ду сол қабл ар шаҳри Леже — саввумин шаҳри бузурги Белҷик масҷиди бузурге дар 11 ҳазор метри мураббаъ бунёд ёфт.
Дар Мюнҳени Олмон бошад дар 6 ҳазор метри мураббаъ бо маблағи 40 миллион евро. Дар Ҳамбурги Олмон собиқ иботадгоҳи Копернаум ба масҷид табдил дода шуд.
Дар Афина, пойтахти Юнон давлат ба маблағи 1,1 миллион евро масҷиди расмӣ бунёд кард. Дар шаҳри баскҳои Испониё — Португалете ҳам давомт ду соли охир масҷиди дуввум дар ҳоли сохта шудан аст. Дар Валенсия ҳам шумори масоҷид афзоиш меёбанд. Мирзо Масрур Аҳмад, роҳбари мусалмонони ин шаҳр гуфтааст, 20 сол пас шумори мусалмонон дар Испониё аз насрониҳо бештар хоҳад шуд.
Дар Шотланд бошад масъулини ибодатгоҳи Иоани муқаддаст дар шаҳри Абердин ними ибодатгоҳи худро барои масҷид ҷудо кардаанд,ки инак мусалмонон се мол аст онҷо панҷ вақт намоз мегузоранд.
Ин танҳо намунае аз сохтмони солона садҳо масҷид дар Аврупо аст. Дар ҳамин ҳол дар Тоҷикистон дар 2 соли охир беш аз 1600 масҷид тахриб, ё ба идораи шӯъбаи Кумитаи амнияту вазорати корҳои дохилӣ ва боғчаву маконҳои фароғатӣ табдил дода шудаанд.