Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезагон рӯзи 10 апрел кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро даъват намуд, ки паноҳандагонро ба Венгрия равон накунанд. Дар ин бора радиои байналмилалии Франсия «RFI» хабар медиҳад.
Созишномаи Дублин оид ба гурезагон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо имкон медиҳад, ки паноҳандагоро ба аввалин кишвари ИА, ки онҳо марзи онро убур кардаанд, равон намоянд. Созишнома ҳамчунин дар Швейтсария, Норвегия, Исландия ва Лихтенштейн амал мекунад. Даъвати СММ низ ба қатъ кардани равоннамоии муҳоҷирон ба Венгрия вобаста аст.
Чанде пеш баъди бад шудани вазъи убур дар марзи Украина ва Белорус бо Лаҳистон қисме аз муҳоҷироне, ки мехостанд ҳамчун паноҳанда марзро убур карда ба Лаҳистон гузаранд, ноумед шуда ба марзи Украина бо Венгрия рафта буданд. Бино ба маълумотҳо ба қисме аз муҳоҷирон муяссар мешавад, ки ба Венгрия гузаранд. Аммо ин ҳолат дер давом намекунад. Баъди он, ки дар марз шумори муҳоҷирон хеле зиёд мешавад, ҳукумати Венгрия низ марзро мебандад.
Гуфта мешавад, байни онҳое, ки мехостанд тавассути марзи Украина бо Венгрия вориди хоки Аврупо шаванд, тоҷикон низ будаанд. Дасти кам зиёда аз 20 оилаи тоҷик низ қасди убури марзи Украина бо Венгрияро доштаанд, ки ба қисме аз онҳо муяссар нашудааст убур кунанд ва боз ҳам ноумед шуда ба марзи Украинаву Белорус бо Лаҳистон ба хотири кушиши такрории убури марз баргаштаанд.
Баъди ин, 28 марти соли ҷорӣ дар Венгрия ба қонуни муҳоҷират тағйиру иловаҳо оид ба гурезагон ворид шуд, ки тибқи онҳо муҳоҷиронро ба муҳлати номуайян дар ду минтақаи пӯшида дар марз бо Сербия ҷой мекунанд ва дархости онҳоро вобаста ба паноҳандагӣ баррасӣ менамоянд.
Бино ба маълумоти СММ, дар ин бошгоҳҳо 110 нафар, аз ҷумла ноболиғон ва 4 кӯдак бе назорати калонсолон қарор доштанд.
Филиппо Грандӣ, Комиссари Олии СММ оид ба корҳои гурезагон гуфтааст, «Вазъи гурезагон дар Венгрия бо қабули қонуни нав, ки боздошти ҳатмии паноҳандагонро талаб менамояд, бадтар гардид»
Филиппо таъкид намудааст, ки тағйиру иловаҳо ба қонуни Венгрия оид ба гурезагон ба қонунгузории Аврупо ва байналмилалӣ мутобиқат намекунад.