Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Боз иттиҳоми нави прокуратураи генералӣ алайҳи Бузургмеҳр Ёров

$
0
0

Баҳриддин Исозода, муфаттиши прокуротураи генералӣ Зарина Набиева, ҳамсари вакили дифоъ ва маҳбуси сиёсӣ Бузургмеҳр Ёровро ба ҳузур пазируфта хабар додааст, ки нисбати Бузургмеҳр Ёров дар асоси моддаи 137 қисми 2, аз санаи 28 марти соли 2017 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Исозода сабаби боз шудани парвандаро  мақолаи чопшуда дар пойгоҳи хабарии Паём.нет аз 8 уми марти соли 2017 унвон кардааст.

Аммо 8 марти соли 2017  дар бораи Бузургмеҳр Ёров Паём.нет ҳеҷ матлаберо ба нашр нарасонидааст.

Як манбаъ аз прокуратураи генералӣ ба шарти ифшо нашудани номаш ба Паём. нет гуфт, иттиҳоми нави Бузургмеҳр Ёров ба таҳқири президент Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Ба гуфти Ӯ, гуё Бузургмеҳр Ёров ҳини суханронияш дар мурофиаи судӣ президентро таҳқир карда бошад. 

Баҳриддин Исозода, муфаттиши прокуротураи генералӣ ҳамонест, ки кори  парвандаи Музаффар Ҳакимовро бурда буд,  ки бо ҷурми қаллобӣ ва қасди порагирӣ ба миқдори 25 ҳазор доллари амрикоӣ аз пайвандони Бузургмеҳр Ёров боздошт шуда буд.

Музаффар Ҳакимов бар асоси моддаи 316, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ, яъне «баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ», муттаҳам мешуд. Айбдоркунандаи давлатӣ нисбат ба Музаффар Ҳакимов 3 соли зиндон талаб карда буд, вале чун моддаи мазкур шомили афв шуд, вай аз адои ҷазо озод шуд.

Баъдан худи Баҳриддин Исозода, ки  айбдоркунандаи давлатӣ маҳсуб мешуд, такроран парвандаи Музаффар Ҳакимовро омӯхта, парвандаро ба суд мефиристад ва аз суд талаб мекунад, ки ба сабаби кофӣ набудани далели айбдоркунӣ доғи судӣ аз Музаффар Ҳакимов ба тамом бардошта шавад.

Ёдовар мешавем, Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 15 март  барои «беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ» ва «таҳқири намояндаи ҳокимият», Бузургмеҳр Ёровро ба ду соли зиндон маҳкум карда буд, ки   ба ин тартиб мӯҳлати ҷазои ӯ ба 25 сол расид.

Ба ғайр аз ин, парвандаи дигаре бар асоси моддаи 247, яъне “қаллобӣ” нисбат ба Бузургмеҳр Ёров аз ҷониби Сарраёсати умури дохилии шаҳри Душанбе оғоз карда шудааст, ки феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад. Қонуни Тоҷикистон барои қаллобӣ аз 9 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қобили зикр аст, Муаззама Қодирова, вакили дифоъи Бузргмеҳр Ёров баъди нопадид шудани наздик ба семоҳ аз худ дарак медиҳад ва ба расонаҳо эълом медорад, ки ба далели фишори мақомот маҷбур шудааст Тоҷикистонро тарк кунад ва аз кишвари Олмон дархости паноҳандагии сиёсӣ намояд. Аз паи у Ҷамшед ва Хосият бародар ва хоҳари  Бузургмеҳр Ёров низ ба сабаби тазйиқу фишорҳо Тоҷикистонро тарк карданд ва айни ҳол ҳамчун паноҳанда дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебаранд.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>