Пӯшида нест, ки аз умдатарин сабабҳои зиллату хории муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва умуман бештари кишварҳои ҷаҳон, хиёнатҳое аст, ки режими Раҳмон барои нигоҳдории ҳукуматаш ба шаҳрвандонаш кардааст.
Роҳу намуд, шаклу равишҳои ин хиёнатҳо гуногунанд ва зикри ҳамаи он матлабро ба дарозо мекашад. Яке аз бадтарин хиёнатҳои ин режим ба мардумаш, ба хусус муҳоҷирони мазлуму азиятдидаи тоҷик ин аст, ки ҳамеша шаҳрвандони худро дар хориҷ ифротгаро, тундрав, ҷинояткор ва террорист намоиш додааст. Навтарин намунаи ин хиёнати режим ба шаҳрвандонашро мешавад аз Туркия зад, ки ҳамагӣ ду сол қабл дар ин кишвар тоҷикон чун мардуми мутавозиву хушахлоқ, росткору покиза донишманду диндор шинохта мешуданд. Ҳарчанд туркҳо мардуми миллатгаро ҳастанд ва мекӯшанд ҳатто дар хориҷ имоматии масоҷидро ба даст бигиранд, дар баъзе аз масоҷиди Туркия тоҷикон аллакай ба мақоми имомат роҳ ёфта буданд, ки дар таърихи Туркия беназир буд. Вале бо кӯшишҳои пайвастаи режими Раҳмон имрӯз дар ин кишвар ҳам тоҷикон ба персона нон грат табдил шудаанд ва тӯда-тӯда ихроҷ мешаванд. Дархостҳои пайдарпайи ҳукумати Тоҷикистон бо ирсоли садҳо парвандаи бофтаву сохта, ки тоҷиконро ифротӣ, террорист, доишӣ ва ғайра муаррифӣ мекунад, билохира ҳукумати Туркияро маҷбур ба амал кардааст. Тибқи баъзе маълумотҳо, ки дастраси мо шудааст, сафорати Тоҷикистон дар Туркия ҳам барои сиёҳ нишон додани чеҳраи тоҷикон дар ин кишвар бо ВАО-и туркӣ “ҳамкорӣ”-и “хуб”-е доштааст.
Одатан ҳукуматҳо мекӯшанд ҳатто аз шаҳрвандони ҷинояткорашон дифоъ кунанд ва аз роҳ ёфтани ахбор ба ВАО дар бораи ҷинояти кадом шаҳрвандашон дар кадом кишваре ҷилавгирӣ кунанд. Вале ҳукумати Тоҷикистон баръакси он, ҳамеша кӯшидаанд дар хориҷ тоҷиконро чун ифротгаро, тундрав ва ҷинояткор шиносанд. Бо н кор режими Раҳмон чанд ҳадаф дорад:
а) мехоҳад ба ҷаҳониён худро ҳукумате нишон диҳад, ки ҳамеша бо тундгарову ифротиён дар мубориза аст;
б) бо тарс додани ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз теъдоди зиёди ифротгарову тундрав дар кишвараш, ҳукуматҳоро водор ба ҳамкорӣ бо худаш созад;
в) кӯмакҳои ҳангуфт барои “мубориза бо ифротгароиву терроризм” дарёфт кунад;
г) мухолифон, озодандешон, озодихоҳон ва муборизонеро, ки на танҳо бо режими Раҳмон, балки ҳамеша бо офротгароӣ мубориза бурдаанд, ифротгарову террорист муаррифӣ карда, барои истирдодашон “далел” созад:
ва ғайра.
Дар ҳоле, ки тоҷикон аз миллатҳое ҳастанд, ки байнашон теъдоди ҷиноёт дар муқоиса бо дигар миллатҳо хеле поин аст, бо кӯшиши ҳукуматашон, дар чашми ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба яке аз ҷинояткортарин миллатҳо табдил шудаанд.
Билохира яке аз сабабҳои дар ҳар ҷинояте зери шубҳа қарор гирифтани тоҷикон дар Русия ҳам маълум шуд. Тибқи иттилои бахши тоҷикии сомонаи радиои мутааллиқ ба Кунгураи Амрико, мақомоти тоҷик танҳо дар шаш моҳи гузашта ба мақомоти Русия рӯйхати 100 шаҳрванди Тоҷикистонро ирсол кардаанд, ки ба назари эшон “метавонанд ақидаҳои моил ба гурӯҳҳои тундрав” дошта бошанд. Дар ҳоле, ки аз ин шаҳрвандон ҳеҷ ҷинояте на дар Тоҷикистон ва на дар ҳеҷ кишвари дигаре содир нашудааст, мақомоти кишвар танҳо бо ин далел, ки онҳо пиндоштаанд ин шаҳрвандон “метавонанд ақидаҳои моил ба гурӯҳҳои тундрав” дошта бошанд, рӯйхати онро ба кишвари дигар мефиристанд. Шумо ҳаргиз чунин кореро аз ҳукумати зеҷ кишваре шунидаед? Омода сохтану фиристодани садҳо парвандаи дурӯғин алайҳи шаҳрвандонаш кофӣ набуд ва кори ин режим ба ҷое расидааст, ки гумонашро ҳам чун далел ба кишвари дигар мефиристад. Баъди ин ҳама муносибати мақомоти амниятии русия бо тоҷикон бояд чӣ гуна бошад? Магар ҳамин далел барояшон кофӣ нест, ки вақте ҷинояте содир шуд, бугӯянд, “хуб, мақомоти Тоҷикистон ба мо рӯйхати садҳо нафар тоҷикеро, ки метавонанд ин ҷиноятро содир кунанд, фиристодаанд. Биёед аз тафтиши ҳамонҳо оғоз кунем”?
Оё мешавад хиёнате бузаргтар аз ин ба мардуми худ кард?