Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кодекси гумрук ва андози кишвар тағйироте ворид намуд, ки тибқи он воридоти таҷҳизоти маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ ба Тоҷикистон аз пардохти гумрукӣ озод карда мешаванд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 17 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид тибқи воридоти тағйиру иловаҳо ба кодекси гумрук ва андоз дар оянда воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва марказҳои сайёҳӣ дар кишвар аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Вакилони парлумон ин иқдомро рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвар унвон кардаанд.