Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Зуҳури Камол Отатурк дар Тоҷикистон

$
0
0

Бисёре аз мусалмонон вақте номи «Камол Отатурк»ро  мешунаванд било фосила ба ёди тағироте меафтанд, ки вай дар фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар кишвари Туркия  ба вуҷуд  овард.

Он гуна, ки дар торихи Туркия омада аст; маҳви фарҳанги исломӣ, маҳдуд кардани нуфузи уламои динӣ дар умури иҷтимоъӣ ва дар як калом ҷудоии дин аз сиёсат аз муҳимтарин  сиёсатҳо ва тафаккуроти Атотурк буд. Таъсири  манфии Отатурк бар Туркия чунон буд,  ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар яке аз суханрониҳояш сароҳатан гуфта буд: «Отатурк  раги гардани Туркияро қатъ кард.»

Ва инак..

Отатурки дигаре дар ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳур карда аст ва бе муҳобот дар ҳоли нобудии фарҳанг ва шаъоири исломӣ дар кишваре аст, ки пас аз ҳафтод сол чашидани таъми талхи низоми комунистӣ дар шӯравии собиқ, ба тозагӣ истиқлол ёфта ва орзӯйи зиндагии озодона бар асоси мавозини шаръӣ ва исломиро дар сар мепарваронанд.

«Эмомали Раҳмонов» ки ба дунболи иқдомоти исломситезонаи ахираш метавон вайро «Атотурки Тоҷикистон» қаламдор кард. Муддатест муборизаи алании худро бо исломгароёни миёнарав ва намодҳои исломӣ оғоз карда аст.

-Як рӯз ба баҳонаи «Ҳифзи либоси миллӣ» пушиш ва ҳиҷоби исломии занонро мамнуъ эълом мекунад ва рӯзи дигар ба баҳонаи «ҳифзи фарҳанги Тоҷикистон» гузоштани риш ва номгузории фарзандон ба номҳои арабӣ ки маншаъи динӣ, исломӣ ва эътиқодӣ доранд-ро ҷурм медонанд.

-Як рӯз қонуне тасвиб мекунад ки ба муҷиби он рафтани мардони зери 18 сола ба масҷид ва омузиши хусусии Қуръон ва илмҳои исломӣ мамнуъ мешавад ва рузи дигар  «Ба қайдгирии масоҷид ва эмомони масоҷиди ҷумъахонӣ » масоҷидро ба қаҳвахона ва ҷойи дузандагӣ ва боғчаи кудакон табдил мекунад ва талош мекунад имомони масоҷидоро низ ғуломони ҷирахур ва ҳалка баргӯш қарор диҳад то ҳақи ҳеч интиқод ва эътирозе ба сиёсатҳои зидди  исломии давлатро надошта бошад.

Бо ин вуҷуд дур нест шоҳиди рӯзе бошем, ки «Эмомали Раҳмонов» дастури мамнуъияти чоп ва нашри Қуръон ба забони арабиро содир кунад ва дастур диҳад, то азон ба забони тоҷикӣ дода шавад; ҳамон гуна, ки «Атотурк » дастур дод, Қуръонро ба хатти лотинӣ бинвисанд ва азонро ба забони туркӣ бигуянд.

Дар охир аз Худованди соҳиби қудрат дуъо менамоем ки дасти зулми ин «Отатурки Тоҷикр»-ро аз сари миллати диндусти тоҷик барканад ва ӯро ибрат гардонад барои ояндагон..

Фирӯз Нуруллоев


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>