Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Тоҷикистон, теруризм ва ҲНИТ

$
0
0

Ду сол аст, ҳукумати Тоҷикистон мекӯшад Ҳизби наҳзати исломиро ҳади ақал як кишваре чун теруристӣ бишносад, вале муваффақ намешавад. Ин мавзӯъ ба яке аз стротежиҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар мубаддал шудааст, ки то ҳанӯз ҳеҷ натиҷаи барои ҳукумат дилхоҳе надодааст.

Дар пасманзари шаклгирии як эҳсоси тарси умумиҷаҳонӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ ва муносибати ҳади ақал эҳтиёткоронаи кишварҳо бо ин гуна ҳаракатҳо, мақомоти Тоҷикистон тасмими гирифтанд аз фурсати муносиб истифода ва аз рақиби деринашон халос шаванд. Барои эътимоди бештар додан ба ҷаҳониён тарҳи “кудатои мусаллаҳонаи Назарзода” амалӣ шуд, вале бинобар қаблан набудани ҳеҷ нишонае аз теруризм дар ҲНИТ ва сенориюи хеле ғайрикасбӣ сохташудаи кудатои дурӯғин, тири ҳукумат ба хок хӯрд.

Дар ҳоле, ки бештари ҳукуматҳо мекӯшанд аз ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ худро канор гиранд, теруристӣ шинохта нашудани ҲНИТ аз тарафи ҳеҷ кишваре, хашм ва ҳайрати мақомоти Тоҷикистонро барангехтааст. Хашми онҳо аз дӯстони стротежиашон аст, ки чаро дар чунин як ҳолати эҳсосӣ аз онҳо пуштибонӣ накарданд. Ба Эрон дарафтодани мақомоти Тоҷикистон аз ҳузур пайдо кардани Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дафъатан баъди теруристӣ эълон шудани ин ҳизб дар конфронсе дар Теҳрон ва пазируфта шуданаш аз тарафи раҳбари ин кишвар аз ҳамин сабаб аст. Мақомоти Тоҷикистон, ки Эронро шарики муҳими стротежӣ ҳисоб када, мепиндоштанд дар ҳар тасмиме аз онҳо ҳимоят хоҳад кард (чун  ин корро зиёд таҷриба карда буданд), аслан интизор надоштанд, ки раиси ҲНИТ дар чунин сатҳибаланде дар Теҳрон пазируфта хоҳад шуд. Дар аввал ҳатто ба худ иҷоза доданд Эронро ҳомии теруризм эълон кунанд. Албатта ҷои Эрон ҳар кишваре мақомоти Тоҷикистонро барои ин густохӣ зуд дар ҷояшон менишонд, вале сиёсати нарму боэҳтиёт ва дурбинонаи Теҳрон ба ин кор иҷоза надод. Пуштибонии моливу сиёсии Арабистони Саъудӣ ҳам Тоҷикистонро боҷуръаттар кардааст ва сиёсати тундаш алайҳи Эронро то ҳанӯз идома медиҳад. Мухолифати Душанбе ба ворид шудани Эрон ба ШОС ҳам аз ҳамин ҷост.

Албатта мақомоти Тоҷикистон медонанд, ки Эрон ҳатто замоне ҳам, ки ними ҷаҳон ҲНИТ-ро теруристӣ хонад, ин корро нахоҳад кард. Масъала муносибати Эрону ҲНИТ нест. Чун агар қаблан Эрон яке аз пуштибонҳои муҳими ҲНИТ маҳсуб мешуд, солхои ахир ягон маротиба ба таври ошкор ҳукумати Тоҷикистонро барои поймол кардани созишномаи сулҳ интиқод накардааст. Дар сурате, ки Эрон кафили сулҳи тоҷикон мебошад ва на танҳо ҳақи интиқод, балки масъулият дорад, ки ба шикастани созишнома иҷозат намедод. Эрон то ба ҳол сабабҳои  чунин мавкеъгирии худро нисбати сулҳи тоҷикон ва хомушӣ дар баробари зиедаравиҳои Раҳмон шарх надодааст. Аз тарафи дигар, интизории Раҳмон барои аз пуштибонии комили ҲНИТ даст кашидани Ирон як интизории иҷронашудани аст.  Барои ин сабабу далелҳои зиёде мавҷуданд ва мавқеъи Душанбеи расмӣ ҳеҷ дахле ба он надорад, вале ҳоло мавзӯъ ин нест ва мо ҳатман рӯзе ба он бар хоҳем гашт. Эрон ҳади ақал дар қонунҳояш худро пуштибони ҳаракатҳои исломӣ ва мазлум хондааст ва наметавонад як ҳаракати мӯътадилро танҳо ба ин хотир, ки кишваре ин корро талаб дорад, теруристӣ эъорн кунад. Баъдан Теҳрон сиёсати хеле дурбинона дорад ва мекӯшад ҳеҷ пулеро аз пасаш насӯзонад. Вазъияти Осиёи Марказӣ дар умум ва ба хусус Тоҷикистон тавре аст, ки ҳар лаҳза таносуби нерӯҳо метавонад иваз шавад ва қатъи ҳамаи робитаҳо бо ҲНИТ на танҳо хилофи қонуни асосии Эрон, балки хилофи манофеъи ин кишвар дар минтақа ва ҷаҳони ислом низ хоҳад буд.  Билфарз, агар ҳукумати имрӯзаи Эрон, ки бештар манфиатмеҳвар аст, аз он ки арзишмеҳвар бошад, дар масъалаи ҲНИТ талаботи қонуни асосии кившараш ва масъулиятҳои исломии худро нодида бигирад ҳам, манфиатҳои дарозмуддат ва стротежӣ такозо мекунад, ки ҳама доштаҳоро дар як сабад нагузорад. Ба хусус, дар сабади Раҳмон, ки ҳеҷ гоҳ худро шарики боэътимод нишон надодааст. Бинобар ин, сукут дар баробари поймол кардани созишномаи сулҳ ва танқиди ошкор накардан аз Раҳмон болотарин чизе аст, ки ҳукумати Тоҷикистон метавонад аз Ирон таваққӯъ дошта бошад. Коре, ки то имрӯз Эрон дорад анҷом медиҳад ва Раҳмон онро нокифоя медонад.

Душанбе соли дуввум аст кӯшиш дорад ҳампаймононаш дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ҳам мутақоид кунад, то ҲНИТ-ро теруристӣ бишносанд. Барои ин кор тамоми абзорҳоро аз фишор то ҷоиза истифода мебарад. Вале бо кадом далеле — шинохти ин кишварҳо аз ҲНИТ, стротежии нодурусти худи Душанбе,  хавфи тела додани ҲНИТ ба оғӯши гурӯҳҳои тундрав, ё ҷамъи ин омилҳо, то ҳол муваффақ нашудааст. Дар охирин нишасти СҲШ ҳам, ки ду рӯз қабл баргузор шуд, Душанбе муваффақ нашуд ҳеҷ кадоме аз ҳампоймононашро мутақоид созад. Мешавад интизор шуд, ки дар наздикмуддат як қаҳркуние аз тарафи Тоҷикистон аз рӯи одати ҳарвақта рух хоҳад дод, то бо ин роҳ таваҷҷӯҳи бешатри шариконашро ҷалб кунад. Вале ин масъала ҳади ақал то нишасти навбатии сарони кишварҳо дар ягон формате, дигар матраҳ нахоҳад шуд.

Албатта мақомоти Тоҷикистон то расидан ба ҳадаф аз кӯшишҳояшон дастбардор нахоҳанд буд. Чунин ба назар мерасад, ки террорист ва экстремист муаррифи кардани ҲНИТ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф, инчунин, қисми зиёде аз шаҳрвандони худ дар хориҷ ба як ҳадафи стротежии ҳукумати имрӯза табдил шудааст. Стратегҳои ҳукумат ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳарчӣ қадар хатари ифротгароӣ дар кишвар бузург нишон дода шавад, ҳамон қадар ҳукумат кӯмаки бештар аз Ғарбу Шарқ ба даст хоҳад овард ва ҳамон қадар масъалаи ҳуқуқи башар ва озодиҳои мардум дуввумдараҷа хоҳад буд. Бояд гуфт, ки ҳукумат дар ин тактикаи худ то ҷое муваффақ ҳам будааст, агарчӣ дар дарозмуддат ҳам бар зарари худ ва ҳам давлат хоҳад буд.   Мавқеъгирии охири  кишварҳои Халиҷ нисбати ҳаракатҳои исломӣ ҳам умеди Душанберо дар ин масъала  бештар кардааст. Эҳтимол меравад, ки Душанбе дар ин масъала пуштибонҳои бештаре аз хисоби кившарҳои Халиҷ пайдо кунад. Ба муҳосараи дипломатӣ ва иқтисодӣ гирифтани Қатар бо иттиҳоми пуштибонӣ аз гуруҳҳои террористӣ аз тарафи Арабистони Саъудӣ ва Иморот дар сурате аст, ки аксари коршиносон худи ин ду кишварро ба пуштибонӣ аз гуруҳҳои тундрав дар саросари ҷаҳон муттаҳам мекунанд.  Вале ин масъала бо мавқеъгирии Туркияву Покистон хеле печида гашта, маълум нест бо чӣ натиҷае меанҷомад. Албатта пирӯзии Саъудӣ дар он баҳс шонси мақомоти Тоҷикистонро дар теруристӣ эътироф кунонидани ҲНИТ бештар хоҳад кард, вале ин пурӯзӣ дигар баъид ба назар мерасад.

Рустам Вализода


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles