Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Боздошти ҳамлагар ба масҷид дар Ландан

$
0
0

Марде, ки дар пахш кардани одамон дар минтақаи боғи Финсберии Лондон гумонбар дониста мешавад, бо гумони терроризм, куштор ва сӯиқасд ба куштор ба ҳабс гирифта шуд.

Гуфта мешавад ӯ сокини шаҳристони Сомерсет Даррен Осборн будааст, ки чаҳор фарзанд доштааст. Осборнро мусалмонон ҳаргрми ҳамлааш боздошт намуда ба пулис супоридаанд

Мақомоти қудратӣ вазъи ҳамлаеро, ки шаби якшанбе ба душанбе сурат гирифт, меомӯзанд. Мошини борбар дар наздикии масҷид одамони пиёдагардро пахш кард, ки дар натиҷа як нафар кушта шуд ва 10 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Марди 47-сола, ки пушти фармони мошин менишаст, аз сӯи сокинони маҳаллӣ боздошт ва ба пулис супорида шуд.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй ҷаласаи фаврӣ ташкил карда, ҳодисаи мазкурро «ҳамлаи ҳадафмандона ба мусалмонон» номид.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>