Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Барномаи зиддимиллии  амнияти “илмӣ”

$
0
0

Бо хондани мақолаи расиси кумитаи Амнияти миллӣ эҳсос кардам ончӣ имрӯз ба сари миллати мо меояд маҳз ба “шарофати”  барномаҳои ана ҳамин идеологҳо аст. Зеро пас аз хондани ин мақола ҳар кас метавонад ба асоси афкори роҳбарияти имрӯза ба хусус раиси Кумитаи Амният ба таври ошкор шинос шавад. Мехоҳам ба чанд андешаи ӯ аз зовияи дигар нигоҳ кунем ва воқеиятҳои пинҳон зери ин барномаи “илмиро”  шарҳ диҳем.

  1.     Аз шокилаи сохташуда ва навъи ҷумлабандиҳову ибораҳои истифода шуда дар ин мақола фаҳмида мешавад, ки ин мақола навиштаи кадом як файласуф аст, на як сиёсатшинос. Дар ҳоле, ки нависандаи ин мақола аслан файласуф нест, балки як сиёсатшинос аст. Аммо дар баъзе ҷоҳо мақола аз истилоҳоти фалсафӣ холӣ мешавад ва ҷумлаҳое меоянд, ки баёнгари дидгоҳи як шахсияти дорои комплекс аст. Шахсе, ки бо истифода аз истилоҳоти адабӣ мехоҳад кинаву нафрати бепоёнашро нисбати мухолифонаш иброз намояд. Дар инҷо эҳсос мешавад, ки нависанда мақоларо бештар таҳрир кардааст, то таълиф. Аммо бо ончи дар ин мақола омадааст комилан мувофиқ аст ва онро назари худаш медонад.
  2.     Нависанда дар мақола нишон медиҳад, ки дар асл ба назарияи бархурди тамаддунҳо бовар дорад ва бархурдҳоро ҷузъи раванди табиӣ медонад

Аз нигоҳи таҳлил, таърихи миллатҳо, асосан, таърихи зиддиятҳост. Таърихи ҷангҳост. Таърихи муборизаҳост. Аз ин фоҷиа набояд сохт”.

Яъне таърихи миллатҳоро нависанда танҳо таърихи ҷангҳо ва зиддиятҳо медонад. Ӯ муътақид аст, ки барои сохтани таърихи миллат бояд ҷангид ва зиддият кард. Ӯ ҳатто ҷангу зиддияту кушторро фоҷиа ҳам намедонад. Касе, ки чунин андеша дорад барояш на озодӣ мафҳуме дорад, на ҳуқуқи башар ва на ӯ ба ягон арзише пойбанд аст. Барои бақои худ ва ҳифзи манофеъ ва қудраташ ҳозир аст ҳама чизу ҳама касро аз байн бибарад.

  1.     Нуктаи дигаре, ки аз навиштаҳои муаллиф метавон пай бурд, ин эътиқод доштани ӯ ҳамчун сиёсатшинос ба мактаби сиёсии Макиавеллӣ аст. Яъне  барои ӯ амният (ва дар воқеъ қудрат) аз ҳама чиз болотар аст. Барои расидан ба ҳадаф барои ӯ ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Дуруғ, найранг, хиёнат, туҳмат ва ҳар чизе ки имкон дорад бояд аз он истифода бурд. Мафҳумҳое чун виҷдон ва имон барои ӯ бегона ҳастанд. Берун аз мақола ҳам  муаллиф ба зердастонаш ин дастуротро  додааст ва бахши аслии кори ӯ бо кормандони амният дур кардани онҳо аз арзишҳо ва бемаъно ва бемафҳум нишон додани мафҳумҳое ҳамчун имон ва виҷдон будааст. Инро метавонед аз суҳбатҳои зердастони ӯ ба равшанӣ мушоҳида кунед. Ҳамчунин амалҳои охири амниятиҳо дар сабту пахш кардани наворҳои фаҳш аз бархе руҳониён таъйиди ҳамин гуфтаҳои боло аст. Ба ин маъно, ки амниятиҳо фоҳишаҳоро истихдом карданд, онҳоро тавре омода карданд, ки маҳз барои барқарор кардани алоқаи ҷинсӣ ба назди баъзе муллову табибҳо рафтанд. Ҳатто худашон ин амалҳояшонро сабт карданд. Баъдан онро дар телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд. Ин худаш  далели ошкори он аст, ки виҷдону имон барои нависанда ва кормандонаш ҳеҷ маъно ва мафҳуме надоранд.

Аммо масъала ин аст, ки афроде бо чунин мушаххасот оё ба ягон шахс ва ё ниҳоде содиқ хоҳанд монд? Ба хотири қудратталабӣ, ҷоҳталабӣ ва манфиатҳои шахсиашон дар муқобили манфиатҳои милливу ватанӣ чӣ метавонад онҳоро аз хиёнат боз дорад?

  1.     Нуктаи дигаре, ки нависанда ба он хеле таъкид кардааст ин таваҷҷӯҳ ба адабиёт аст. Пеш аз ҳама алоқаи шахсии нависанда ба адабиёт ва таҳсилоти аввалияи адабиётшиносии ӯ боиси ин назария аст.  Аз тарафи дигар ӯ мехоҳад бо асл қарор додани таърихи пеш аз исломии тоҷикон як адабиёти зидди динӣ дар ҷомеа роҳандозӣ намояд. Ин барнома аллакай дар дасти иҷро ҳаст ва тохтани баъзе зиёинамоҳо ба арзишҳои динӣ-миллии мо ҳам бар ҳамин асос мебошад. Дар ин замина амният аллакай корро бо донишҷӯён дар дохил ва хориҷ оғоз кардааст. Мутассифона фазои донишгоҳҳои мо дар ҳоли ҳозир ба ҷои онки як фазои солими илмӣ бо рақобатҳои солиму созанда бошад, бо шарофати барномаҳои ҳамин муаллиф ва зердастонаш ба як фазои рақобатҳои носолими амниятӣ ва хабаркашиву туҳмат ва парвандасозӣ барои якдигар табдил шудааст. Ингуна фазо ҳаргиз инсонҳои солим ва милливу дорои арзишҳои волои инсонӣ тарбият нахоҳад кард.

Ба ҷои хулоса

Пеш аз онки ин “олим” раиси кумитаи амният интихоб шавад фазои ҷомеаи мо хеле солим ва озод буд. Ҳатто дар мушкилтарин ҳолатҳо ҳам тазод ва тарсу ваҳшат ба он андозае набуд, ки Ятимов имрӯз дар ҷомеа ҳоким кардааст. Дар замони раисони гузашта эҳсос мешуд, ки мардум бештар ба ҳамдигар эътимоду боварӣ доранд. Ҳамгароӣ байни қишрҳои мухталифи ҷомеа комилан ошкор ба чашм мехурд. Аммо омадани Ятимов ҳама чизро тағйир дод. Ӯ аз ҳама барои амният ба истилоҳ “буз” сохт.

Чун ӯ атеист аст ва бадбиниаш нисбат ба дин аз ҳад зиёд аст, гароиши мардум ба дин ӯро сахт нороҳат мекард. Ба ҳамин хотир барои онки пеши роҳи гароиши мардум ба динро бигирад бадтарин василаҳоро истифода намуд. Намоиш додани филмҳои ғайриахлоқии баъзе муллоҳоро на қонун иҷозат медиҳад ва на дин, аммо барои ӯ ягонтои инҳо маъно надорад. Зеро на ба қонун бовар дораду на ба дин. Барои расидан ба ҳадаф аз нигоҳи ӯ ҳама чиз ҷоиз ва дуруст аст. Ҳатто дуруғ, туҳмат, шантаж, қатл, дасиса ва ҳар чизе, ки метавонад барои расидан ба ҳадаф анҷом медиҳад. Ӯ зердастонашро ҳам ҳамингуна тарбият кардааст. Барои мисол қиссаи яке аз зердастонашро барои хонандагон дар рӯзҳои баъд хоҳам навишт.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>