Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Баҳси фейсбукии Сайфулло Сафаров дар Маркази тадқиқоти стратегӣ таҳлил мешавад

$
0
0

Баъди нишасти Дортмунд бахшида ба 20-умин солгарди Созишномаи сулҳи тоҷикон муовини МТС Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров дар як нишасти матбуотӣ бонги хатар зада гуфт, ин нишаст ва ба ҳамоии мухолифон ба амнияти кишвар хатар дорад, сару садоҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омад. Ҳатто чандин расонаҳо дар ин бора мақолаву мусоҳибаҳо нашр намуданд. Аксарияти мақолаву мусоҳибаҳо бар алайҳи суханони Сайфулло Сафаров нигаронида шуда буданд. Инчунин хабаргузории Паём, Таҷинфо ва дигар расонаҳо низ  дар бораи ин бонги хатари Сайфулло Сафаров бо коршиносон мусоҳибаҳо  анҷом дода нашр намуданд.

Бо Сайфулло Сафаров ҳам расонаҳои маҳалливу байналмилалӣ дар ин бора сӯҳбат анҷом доданд.

Аз ҷумла, дар сӯҳбаташ бо хабаргузории ВВС, Сафаров ба гуфтаҳои мухолифон вокуниш нишон дода гуфт, ки «онҳо агар инқадар мантиқро медонанд, онҳо ин қадар қонунро медонистанд ва доим вакилонро ба надонистани қонун муттаҳам мекарданд, чаро дар Суди Олӣ натавонистанд бегуноҳии худро исбот кунанд?»

Баъди мусоҳибаи  Сафаров дар хабаргузории ВВС, боз ҳам деги вокунишҳо тасфид.

Муҳаммад Тиллозода, як корбари фаоли шабакаи иҷтимоии Фейсбук, дар саҳифаи худ ба ин гуфтаи муовини МТС вокуниш нишон дода гуфт: “Ҷавоб хеле сода ва рӯшан аст, ки режими диктаторӣ то ба вакилони дифоъи аъзои ҲНИТ — ро паси панҷара намуда нагузоштанд аз онҳо дифоъ кунанд ва мурофиаҳои судиро бо шумули мурофиаҳои ҳуқуқшинос Бузургмеҳр Ёров паси дарҳои баста гузаронида, тамоми далелҳои оварда шуда аз ҷониби айбдоршавандаҳоро суд ба инобат нагирифтааст.”

Тиллозода таъкид намудааст, ки “Стратеги дуюми кишвар сохтори қазоии тамоми оламро ба назар гирифта, медонистанд, ки  айбдоркунанда гуноҳи гумонбаршударо бояд исбот кунад, на баръакс.”

У ҳамчунин афзудааст: “Чун аз мантиқ ҳарф задед мебояд ёдовар шуд, ки бинои вилоятӣ ва марказии ҲНИТ пеш аз 4-уми сентябр бо қарори вазорати Адлия баста шуда буд ва бо баҳонаҳои сохта парвандаи қатъи фаъолияти расмии ин ҳизб ҷараён дошт. Яъне тарҳи бастани ҲНИТ аз қабл рехта шудааст ва қазияи 4-уми сентябр руғане бар оташи орзуҳои деринаи Раҳмонов буд, ки ин мавзӯъ бо шарҳи муфассал ва далелҳои мустанад пешкаш хоҳад шуд.

Баъди ин худи Сайфулло Сафаров мустақиман дар поёни навиштаи Муҳҳаммадҷони Тиллозода шарҳ навишт.

Посух додану шарҳ навиштан ба навиштаҳои характери мухолифдошта аз ҷониби як корманди баландпояи ҳукуматӣ, ин худ як ибтикори камназир аст. Зеро солҳост, ки баръакси мақомдорони кишварҳои демократӣ, ки ҳамеша дар саҳифаи фейсбукӣ ва ё дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси мардуманду ба ҳама саволҳо ва норӯшаниҳо ҷавоб мегуянд, мақомдорони тоҷик аз посух додан ба саволҳо дурӣ меҷӯянд.

Аз ин рӯ ин далерии Сайфулло Сафаров аз як ҷониб қобили таҳсин аст, вале аз ҷониби дигар мебинем, ки ба аксар саволҳои корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷавоб надода, бештар дифоъкорона ба ситоиши роҳбарият ва кишвар пардохтааст.

Сайфулло Сафаров, баробари пайдо шуданаш дар поёни навиштаи Тиллозода насиҳати ниматаҳдид карда навиштааст, ки “Таърих худаш аллакай ба Шумо баҳо додааст ва суханҳои туфтаи (ба хаёлатон суфтаи Шуморо) низ баҳои ҳаққонӣ хоҳад дод. Махмадоногӣ накунед.”

Баъди ин шарҳи Сафаров якбора ба сӯяш борони вокунишҳо аз ҷониби корбарон ба рехтан шурӯъ кард.

Корбари Фейсбук Меҳрубон Сатторов ба ин гуфтаи Сафаров вокуниш дода гуфт: “Бале бародар Сайфулло! Таърих моро баҳогузорӣ мекунад, шумо дуруст қайд кардед, он чи ки шумо стратег ва хизматҳои хирсонаи шумо ба Рахмонов мекунед, дар назди миллат ҳатман ҷавоб медиҳед. Савол оқои Сафаров, шумо бо кадом далел моро ифротгарову террорист гуфтед? Шумо магар ягон далели намояндагони оппозицион даст доштанашон дар ҳаракатҳои террористӣ доред?”

Нафаре бо номи Аҳмади Дониш навиштааст, “Майлуш, ина ХНИТ а як тараф монен. ХНИТ кулли миллат нест. Лекин садхову хазорхо нафар, ки ба ХНИТ хеч алокае надоран, дар зулму зулматан. Иноша чи кор кунем, Стротежикако?”

Як корбари дигар бо номи Маҳмадӣ Тешаев низ бо дарду алам навиштааст: “Киро фиреб мекунанд халқро. Дар тамоми гушай Тоҷикистон пурсон шавед. Гуед ҳнит чи гуна буданд чаро нест шудан чи бадтари дошт халқи тоҷик ҷавоб гуфта мегуян ки ин як итиҳомоти дуруғи ҳукумат бар алайҳи ҳнит буд. Поставит кардан, фиреб кардан, ноадалати кардан, нисбати ҳнит туҳмати бардуруғ зада терорист эълон карданд. Ҳукуматиҳо ташвиш накашен, халқи Тоҷикистон бо итминон дарк карданд ва бовари комил доранд, ки ин ҳамаш дасисаҳой ҳукумати Тоҷикистон мебошанд”.

Сайфулло Сафаров бошад, ҳар бори ҷавоб додан ба такрор муҳофизакорона сари мавзӯъро ба суи дигар мегардонаду насиҳат мекунад:”Барои хамин биёд тавба карда ба кори ободию созандаги машгул шавед. Ман вакти гапхои бехуда надорам.Гапамро гуфтам. Халос.Гапи лоики гуш кардан дошта бошед гуед охир. Шабакахои ичтимоиро миллати мо мехонад ва худаш бахогузори мекунад.”

Муҳаммадсаид Ризоӣ, як шахсияти намоёни ҲНИТ низ вориди ин баҳс шуда, ба муовини МТС чанд бор паи ҳам саволҳо навиштааст. Аз ҷумла гуфтааст, Ҷаноби Сафаров миллат аз кардаи Ҳукумат таҳқир шуда истодааст. Шумо нагуфтаед, дуруст қайд кардед. Дар тамоми возалу майдонҳои ҳавоии дигар кишварҳо вақти сафар баромадани муҳоҷирини кории тоҷик, соатҳо боздошт ва пурсуҷуи ба кадом ҳизб мансуб будани онҳо аз куҷо пайдо шудааст? Мисли ҷинояткор бо онҳо муомила карда мешавад.  Як бор комисиюни инсофдори пинҳонӣ дар майдонҳои ҳавоӣ ва назортгоҳҳои марзӣ ва вокзалҳо гузоред, мебинед, ки чӣ гуна ба мусофироне, ки аз сафари меҳнатӣ баргаштаанд муомила карда мешавад.

«Агар инқадар ё он қадар надиҳӣ бо бо фалон гуруҳ ҳамроҳ будан дар гушат овезон аст»

Инро ҷавоне, ки ба ҳеҷ ҳизбу ҳаракат алоқа надорад гуфта истодааст.

 

Инро барои баҳс кардан намегуям. Ин ҳолати сиёҳро ба сари миллат тасмими ғалати ҳукумат овардааст.

Намедонам аз ин кор кӣ манфиъатдор аст. Аммо мардум ранҷ кашида истодаанд.

Унвони «ҷаноб» у «пешво» ро ба даст оварданд, тағйиру иловаҳо ба манфиъти худу бастагонро бо тақаллуб ба сурати қонунӣ дароварданд, инсоф кунанду аз болои миллат ин мушкилотро бардоранд.”

Ниҳоят Сайфулло Сафаров мулоим мешавад, ваъда медиҳад, ки ин баҳсро дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳатман таҳлилу баррасаӣ мекунанд.

“Мебахшед ман дуруя нестам,ки аз касе тарсам. Руирост мегуям,ки ватани ман бехтарин ватан асту миллати мо бехтарин миллат.Хеч чомеа бе камбуди намешавад.Хатто як оила хам метавонад сад камбуди дошта бошад. Лекин барои кайк шуда пустинро намесузандку. Кайкхоро дору зада нест мекунанд.Дар солхои истиклолият мо хазорхо камбудиро ислох кардем. Холо бо танзим машгулем.Дар хамин як сохаи хурд садхо масъалаи мушкил вучуд дорад. Онхоро яку якбора хал карда намешавад ку.Бачахо тез нашавед.Фахмидам,ки Шумо хам аз дилсузи бо ман бахс доред. Хайр баъзехо метавонанд гап задаю бахс карда баъзе навкорхо асаби мешаванд.Хеч гап не хамаи танкидхои Шуморо фардо дар Марказ тахлил мекунем.Мебинем чанд гапи хуб гуфтаед дар хамин бегохи.Агар хуб аст ташаккур .Агар нех худо ба Шумо акли пухта ва расо дихад то дар ободии ватан аз замон чо сахмгузор шавед.Баъд омада бинед ин корхои хубатонро.Чангро як бор дидем.Худо накунад,ки мардуми моро душманон боз ба ягон харобкори тела диханд. Агар касе гунох надорад худованд уро рузе сафед хохад кард.Конун хам.Бо умеди шаби хуши Шумо. Ман бояд чанд кори дигарро анчом дихам.Чунки то сахар дер мешавад.Саволхои хукуиро аз Судяхо пурсед. Ман вакти омухтани парвандахоро надоштам то холо. Дуруг гуфта наметавонам.”

Баҳсҳо давом дорад, вале Сайфулло Сафаров аз маслиҳату таҳлили МТС то ба ҳол барнагаштааст.

Баҳси пурра ин ҷо аст.


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>