Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Намоиши саҳнаи фаҳш барои кӯдакон дар театри Душанбе

$
0
0

Дар шабу рӯзе, ки мавзӯъи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати фарҳангиаш мубориза бо бегонапарастиву фарҳанги ғайр ва таълиму тарбияи фарзанд аст, студияи вобастаи Театри русии ба номи Маяковский дар шаҳри Душанбе намоишномаеро, ки дар он саҳнаҳои ғайриахлоқиро хонандагони мактаб иҷро мекунанд, пинҳонӣ ба кӯдакони тоҷик намоиш медиҳад.

Ба андешаи ман ин аз русӣ будани театр вобаста нест, балки аз таъсири адабиёти ахлоқии рус дур шуда, вобастаи гарнтҳои созмонҳои ғарбӣ гаштани театри русиро нишон медиҳад ва ин корро тоҷикони худамон мекунанд. Намоишнома “Наход ман нестам” ном дорад. Дар намоишнома истифода аз меҳнати кӯдакон дар офариниши нақшҳои ғайриахлоқӣ мушоҳида мешавад. Духтараки мактабхоне дар нақши зани бузургсоле писараки 13-соларо мавриди истифодаи оғӯшаш қарор медиҳад. Сипас сухан дар бораи ҳомиладории зани бузургсол аз кӯдак. Писарак ба муаллимааш инро ҳикоят мекунад. Муаллимааш ба писарак маълумот медиҳад, ки зан дар се рӯз ҳомиладор намешавад. Ва боз ҳамоғӯшӣ ва маҳскашии кӯдакон дар саҳна. Тамошобинон кӯдаконанд. Аксбардорӣ ва гузориш кардани мавзӯъи намоишномаро таҳиягарон манъ карда, дар миёни тамошобинон назорат мебаранд. Вале мо тавонистаем, тавассути системае аксҳороеро ба даст оварем. Чаро таҳиягарон аз гузориш шудани заҳматашон пешгирӣ мекунанд?
Дар давраи таътили хонандагони мактаб саҳнаҳо пинҳонӣ ба кӯдакони шаҳри Душанбе намоиш дода мешавад. Намоишнома аз назари аъзои Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нагузаштааст. Раёсати санъати вазорат аз ин огоҳанд, вале ба вазир Шамсиддин Орунбекзода гузориш намедиҳанд.
Маъмулан барои офариниши нақшҳои эротикӣ музди хеле гарон талаб мешавад. Вале истифода аз меҳнати кӯдакон дар саҳнаҳои монанди эротикӣ ҳатто дар кишварҳои хеле озод ва хеле демократӣ барои таҳиягарон ба осонӣ муяссар намешавад.
Тимур Зулфиқоров, Низом Қосим, Азизи Азиз, Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Нафиса Юнусова, Моҳпайкар Ёрова, Давлат Убайдуллоев, Сабоҳат Қосимова, Раҷабгул Қосимова, Қурбони Собир, Тағоймурод Розиқов, Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Муҳиддин Музаффар, Раҷабмоҳ Бадриддинова (ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак) дар барномае тавассути Радиои давлатии Тоҷикистон дар робита ба намоишномаи “Наход ман нестам” аз масъулини сафи пеши ҳукумати кишвар дархост намудаанд, ки пеши роҳи чунин бадахлоқиҳоро дар саҳнаи тоҷик бигиранд.
Роҳбари Театри Маяковский бону Мунира Дадева аз мавзӯъи рӯи дасти мо пеш аз таҳияи барнома огоҳ шуда, моро ба вохӯрӣ даъват намуд. Чаро бону ин қадар талош кард, ки мавзӯъи намоишномаи театраш дар радиои давлатӣ баррасӣ нашавад? Вале пас аз он, ки азми рӯзноманигорро қатъӣ дид, асабӣ шуда, ба масхараи забони рӯзноманигор оғозид. Тамасхури бону ба забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро буд, вале мо дар посух забони русиро эҳтиром намуда, то тавонистем, русӣ баён намудем. Шунидани ҳақорату таҳдидҳоро паси сар намуда, аз театр баромадем.
P.S. Аз корбарон хоҳишмандам, ки ба мавзӯъ аз нуқтаи назари динӣ не, балки аз назари ҳуқуқиву ахлоқиву психологӣ нигаранд. 18+ меъёри умумумиҷаҳонӣ аст, новобаста ба ҳеҷ дине.

Соҳибёр Толиб

Аз саҳифаи фейсбукии муаллиф


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>