Як манбаъ аз Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ба “Паём” гуфт, то имрӯз ҳеҷ кишвари узви ин созмон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро террористӣ эътироф накардааст.
Дар посух ба суоли “Паём” мабнӣ бар ин ки оё дар СҲШ чунин қароре қабул ё баррасӣ шудааст, манбаъ гуфт ин созмон чунин ваколат надорад ва “нисбати ПИВТ ин характери тавсиявӣ дорад. Дар сатҳи қонунгузорӣ кишварҳои СҲШ ба рӯйхати худ ворид накардаанд. Дар чорчӯбаи СҲШ худи созмон тавсия медиҳад ва додгоҳҳои олии кишварҳо қарор қабул мекунанд. Вале нисбати ҲНИТ ҳеҷ кишваре ҷузъ Тоҷикистон чунин қароре қабул накардааст”.
Қаблан хабаргузории давлатии Тоҷикистон “Ховар” дар истинод ба расонаи немисии “Abendzeitung Munchen” хабар дода буд, ки гӯё ин расона рӯзи 26-уми январи соли 2016 бо такя ба хабари сомонаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар бораи ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ворид кардан шудани ҲНИТ аз тарафи ин созмон иттило додааст.
Баъдан, санаи 21-уми июли 2017, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни ҷавоб додан ба суолҳои журналистон иддаои хабаргузории “Ховар”-ро мабнӣ бар ин ки сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҲНИТ-ро “созмони террористӣ” эълон кардааст, рад кард ва изҳори умедворӣ кард, ки ин кор “дертар” сурат хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази тадқиқотии назди Президенти Тоҷикистон ин дурӯғи “Ховар”-ро тасдиқ кардааст. Ӯ дар посух ба суоли корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук чунин изҳор доштааст:
“…Шумо саволҳоятонро додан гиред. Ман ҳатман ба ҳамаи саволҳои Шумо ҷавоб хоҳам гуфт. Фақат бо наҳзатиҳо дигар сару кор нахоҳам дошт. Чунки чанд рӯз пеш онҳоро РАТС-и ШОС террорист эълон кард. Дар вақташ онхоро базӯр давлати Тоҷикистон аз чунин як рӯйхат берун карда буд. Ба хотири тоҷик буданашон. Ин хизмати бузурги Президентро қадр накарданд ва боз рафта ҳамон унвони дӯстдоштаашонро дар сатҳи байналмиллалӣ соҳиб шуданд. Ихтиёр доранд, вале ин миллату давлати моро шарманда мекунад, ки шаҳрвандони мо дар чунин ташкилотҳои зидди башарият қарор доранд. Хеле афсӯс..”
Сафаров ба суоли дигари корбарони Фейсбук, ки оё далеле барои ин даъвояш дорад, посух нагуфтааст.