Quantcast
Channel: ПАЁМ.net
Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Муҳиддин Кабирӣ: “Мо иштибоҳ кардем, давлат хиёнат кард”

$
0
0

     Дирӯз дар Дортмунди Олмон, шуморе аз нерӯҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, муҳоҷирини тоҷики муқими Аврупо ва рӯзноманигорони мустақил гирди ҳам омаданд, то роҳи 20- солаи сулҳи Тоҷикистонро мурур кунанд. 20 — сол пеш бо имзои як паймони сулҳ ҷанги 5 — солаи Тоҷикистон расман поён ёфт, аммо акнун аз ду тарафи сулҳ танҳо яке аз онҳо, ки давлат бошад дар Тоҷикистон боқӣ монда ва фаълолияти Наҳзати исломӣ нерӯи аслии мухолифи давлат мамнӯъ шуда ва раҳбари он дар табъид аст. Муҳиддини Кабирӣ раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам дар нишасти имрӯз дар Дортмунди Олмон ҳузур дошт ва дақоиқе пеш аз парвозаш аз ин шаҳр дар тамоси телефонӣ аз ӯ пурсидам, ки дар нишасти Дортмунд чӣ гузашт?

    Муҳиддин Кабирӣ гуфт: “Табиист, ки дар ин ҳамоиш фикру назари ширкаткунандагон аз он ҷумла ҳизбу ҳаракатҳо дар бораи 2 — соли раванди сулҳи тоҷикон ибрози ақида карда шуд. Мардум таҳлилҳои худро карданд ва баъдан дар ҳошияи ин нишаст пас аз ҳамоиш, як мизи гирде ҳам баргузор шуд, ки бо ширкати намояндагони ҳизбу ҳаракатҳо ва чеҳраҳои саршиноси тоҷик дар хориҷ нишасте баргузор шуд, ки дар он вазъи имрӯзаи кишвар, ҳамкориҳои минбаъдаи ин аҳзоб ва шахсиятҳо, шеваи ҳамкориву муносибатҳои баъдӣ ба шакли умум гуфта шуд ва ширкаткунандагони ин ҳамоиш ба хусус мизи гирд ба ин натиҷа расиданд, ки ҳар замоне як чунин ҷаласа баргузор шавад, то инки ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмии бештар байни ҳизбу ҳаракатҳои хориҷи кишвар ва ҳам шахсиятҳо ва муҳоҷирин ҳосил шавад. ”

  ББС : Пас ба ҳеч нуқтаи иштироке нарсидед?

  Муҳиддин Кабирӣ: Не, ҳанӯз инҷо ҳарфе ҳам набуд, ки ба як натиҷаи иштироке бирасем. Танҳо ин нишасти аввалӣ буд ва дар инҷо сӯҳбатҳои умумӣ карда шуд ва ба ин тавофуқ расидем, ки ҳадди ақал баъди чанд моҳе боз як нишасти дуввум баргузор шавад ва дар онҷо чорчӯбҳо мушаххастар шаванд. Ҳоло ҳадди ақал метавон гуфт,ки ин оғози кор буд ва нишасти аввалин дар хориҷ ва ин худ аллакай як қадами хеле муҳим дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории нерӯҳои сиёсӣ ва муҳоҷирини тоҷик аст.

   ББС: Хуб ҳамин тавре, ки фармудед, ин нишаст ба муносибати 20 — солагии паймони сулҳи Тоҷикистон баргузор шуд. Шумо ба унвони раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, ки  яке аз ду тарафи аслии сулҳ будааст дар Тоҷикистон, ҳам ҷанг ва ҳам сулҳ. Вақте, ки ба гузашта нигоҳ мекунед оё фикр намекунед, ки кутоҳиҳои аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буруз кардааст, ки феълан шумо ба унҷони раиси он ҳизб дар табъид ба сар мебаред ва ҳамин тавр аъзои раёсати ҳизби шумо дар зиндон ҳастанд?

   Муҳиддин Кабирӣ: бубинед, мо бояд инҷо байни ду масъала фосила бигузорем, яке худи раванди сулҳ ва Оштии миллӣ, ки он соли 1997 ба имзо расид ва байни наҳваи иҷроиши тавофуқот ва Созишномаи имзошуда. Аз нигоҳи мо ҳеч иштибоҳи ҷиддие дар имзои Созишнома набуд ва воқеан ҳам миллат ниёз ба чунин як сулҳ ва ваҳдат ва Созишнома дошт, ки он имзо шуд, аммо бешак дар марҳилаи баъдӣ дар марҳилаи иҷроиши ин Созишнома иштибоҳҳое рух доданд, вагарна мо ба ин вазъ намерасидем.

   ББС: Дақиқан чӣ иштибоҳоте рух дод? Бо ҷуъиёт лутфан.

   Муҳиддин Кабирӣ: Бисёре аз таҳлилгарон иштибоҳи аслии Наҳзат ва дар умум нерӯҳои оппозитсиониро дар гузаштҳои бидуни тавҷеҳ ва аз ҳад зиёд дар раванди сулҳ медонанд, ки ба тарафи ҳукумат гузаштҳои зиёд кард, сабру таҳаммули зиёд аз қонуншиканиҳо ва аз поймол кардани Сиозишнома карда шуд, ки ин ниҳоят ба ин ҳодисаҳо оварда расонд. Аммо набояд фаромӯш кунем, ки агар як тараф иштибоҳ карда бошад, ки он ҳам гузашт ба хотири миллат ва оромишу амният аст, тарафи дигар ҷиноят содир кардааст, тарафи дигар хиёнат содир кард, набояд тарафи ҷиноят када ё хиёнат кардаро канор гузошту тарафе, ки иштибоҳ кардааст ӯро домангир буд ва ҷавобгӯи ин ҳама мушкилот донист. Ман назарам  ин аст, таҳлили мо ин аст, ки агар ҷониби оппозитсион иштибоҳ кард, барои иштибоҳаш ҷавоб бигӯяд, агар тарафи дигар хиёнат ва ҷиноят кард дар муносибат бо сулҳу ваҳдати миллӣ, бояд барои ин ҷиноятҳо ва хиёнатҳояш ҷавоб бигӯяд. Наметавонад, ки иштибоҳ баробари ҷавоб барои ҷиноят бошад.

   ББС : Чӣ ҷиноёят ва хиёнатҳое аст, ки шумо ба он ишора мекунед?

   Муҳиддин Кабирӣ: Бастани як ҳизби қонунӣ, ки тарафи Созишномаи сулҳ буд, зиндонӣ кардани даҳҳо афроди бегуноҳ, фишор болои нерӯҳои оппозитсионӣ, расонаҳои мустақил ва аслан поймол кардани худи матни Созишномаи сулҳ. Шумо бубинед, ки Созишномаи сулҳ хеле возеҳу равшан нишон додааст, ки як нафар набояд бештар аз як давраи ҳафтсола баъди имзои Созишнома раиси ҷумҳур бошад, ки он комилан поймол карда шуд. Созишнома пешбинӣ мекард, ки бояд Тоҷикистон дорои як ҳокимияти мардумии мунтахаб аз тарафи мардум бошад. Бояд парлумони мустақил додшта бошад, бояд интихоботҳои шаффоф сурат мегирифт. Инҳо ҳама иҷро нашуданд ва вақте, ки иҷро нашуд табиист, ки тарафи иҷро накардаи он ҷинояткор ва хиёнаткор аст  ва ҳадди ақал метавон гуфт он аҳдшикан аст. Пас набояд, ки Наҳзати исломии Тоҷикистон ва дигар нерӯҳои оппозитсионро танҳо барои иштибоҳ ҷавобгӯ донист ва тарафи дигарро раҳо кард барои ҷиноятҳо ва аҳдшиканияҳояш.

   ББС: Пас дар ҳар сурат қабул доред, ки ҲНИТ иштибоҳҳое кардааст?

   Муҳиддин Кабирӣ: Бале, бешак мо инро қабул дорем.

   ББС: Дар Дортмунди Олмон, суханроние, ки доштед дар воқеъ сӯҳбатҳое, ки кардед яке аз онҳо бармегашт ба паймони сулҳи Тоҷикистон, ки бо ишора ба он гуфтед, ки чаро давлати Тоҷикистон намехоҳад мафодди паймони сулҳи Тоҷикистонро мунташир бикунад. Фикр мекунед чӣ чизе тағйир мекунад, бо интишори тамоми матни паймони сулҳи Тоҷикистон?

   Муҳиддин Кабирӣ: Шояд чизи куллӣ тағйир накунад, вале ҳадди ақал миллат, мардум вақте, ки огоҳ мешаванд, ки сари чӣ тавофуқоте тарафҳо ба ҳам омаданд имзо карданд дар он сурат мешавад қазоват кард, ки кӣ ин Созишномаро поймол кард, шикаст ва кӣ риоят кард. Агар як бандро ҳам биёранд, ки Наҳзати исломии Тоҷикистон мухолиф ба ин матни Созишнома ё Санади ҳамдигарбахшӣ рафтор карда бошад. Дар сурате, ки мо даҳҳо ҳолатҳоро метавонем биёрем, ки мухолифат ба ин бандҳои Созишнома дорад, бо Санади ҳамдигарбахшӣ дорад. Яъне аз нигоҳи мо яке аз сабабҳое, ки тарафи ҳукумат намехоҳад матни Созишнома, Санади ҳамдигарбахшӣ ва дигар протоколҳои марбут ба ин санадҳоро нашр кунад ва мардум огоҳ шаванд, ин аст, ки камбудиҳо ва қонуншиканиҳо, хиёнатҳояшон дар назди мардум ошкор хоҳад шуд ва ҳарчӣ қадар мардум ғофил бимонанд аз муҳтавои ин санадҳо, ҳамон қадар ҳукумат бештар дурӯғпароканӣ хоҳад кард ва худро натанҳо сафед мехоҳад кунад, балки асосгузори сулҳ ва ҳатто як ҷониби ягонаи ин сулҳ муаррифӣ хоҳад кард.

   ББС: Феълан ҲНИТ дар Тоҷикистон ба унвони созмони террористӣ мемнӯъ шуда ва раёсати он дар ҳабс аст ва роҳбари он дар табъид. Баъд аз ин чӣ кор мехоҳед кунед? Оё ҳамчунон ба унвони мухолифати мусолиматомез дар Тоҷикистон ҳузур хоҳед дошт, ё берун аз Тоҷикистон қарор аст, ки  ба иқдомоти дигаре даст бизанед?

   Муҳиддин Кабирӣ: Бубинед, ҳарчанд ҳукумат талош кард дар тӯли ин ду сол, ҳеч кишваре ва ҳеч созмони байналмилалие ҲНИТ- ро ҳамчун як гурӯҳи ифротгарои террористӣ қабул накард. Дар сурате,ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистонро ҳамчун як ҳукумати мустабид ва фасодзада эътироф кардааст. Ин яке аз бурдҳое аст, ки ҷомеаи мадании Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ ноил шудаанд, ки билохира он тараф муваффақ нашуд дар иддаояш, вале мардум, аҳзоби сиёсии Тоҷикистон то ҳадде муваффақ шуданд, ки ҳукуматро ҳамчун як ҳукумати мустабид ва фасодзада муаррифӣ кунанд. Аммо ба ҳеч ваҷҳ ҲНИТ ва ман умед дорам, ки тамоми нерӯҳои муттафиқинаш дар оянда ҳам фақат ба хотири онки як ҳукумати мустабид ва фасодзада рӯи кор аст, даст ба иқдомҳои хашин нахоҳанд зад ва муборизаи мусолиҳатомези худро идома хоҳанд дод. Албатта дар чунин шароит хеле сангин ва душвор аст, ки як ҳаракати мусолиҳатомез ва маданӣ битавонад бо роҳҳои мусолиҳатомез шароит ва вазъиятро тағйир бидиҳад. Таҷриба нишон медиҳад,ки ин роҳи хеле тӯлонӣ аст ва гоҳо амалишаванда нест, аммо мо роҳе ҷуз ин надорем. Дар ҳама сурат бунбаст хоҳад буд, агар Худой накарда даст ба хушунат зада шавад. Аммо ҲНИТ аз тарафи дигар наметавонад ҳамаи нерӯҳоро контрол кунад. Билохира мо имрӯз ҳазорҳо нафар тоҷикро дар ДИИШ дорем, ки бо далелҳои гунонгун ва пеш аз ҳама ба хотири ноумедӣ аз муборизаи мусолиҳатомез, ба он гурӯҳҳои ифротӣ пайвастанд. Ин аст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгари аслӣ барои пайвастани ин ҳама ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротгаро аст, вале мо талоши худро хоҳем кард, ки тарафдорон ва аъзоро дар чорчӯби рафторҳои маданӣ ва мусолиҳатомез нигоҳ дорем.

    Бахши форсии радиои ББС


Viewing all articles
Browse latest Browse all 9551

Trending Articles



<script src="https://jsc.adskeeper.com/r/s/rssing.com.1596347.js" async> </script>